Шурои уламо: харидани билети ҳарбӣ ҳаром аст

© SputnikРоссийско-таджикские учения на полигоне Фахрабад
Российско-таджикские учения на полигоне Фахрабад - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Шурои уламо мегӯяд, адои хидмат амри зарурӣ аст ва қасам ёд кардан дар артиш гуноҳ нест

ДУШАНБЕ, 11 ноя — Sputnik. Маркази Шурои уламои Тоҷикистон посухи коршиносони соҳаи динро дар мавриди харидани билети ҳарбӣ ва гузоштани намоз ҳангоми адои хидмати ҳарбӣ мунташир кардааст.

Як тан корбари сомона, ки номи худро Мардон менависад, аз уламои Маркази исломӣ пурсон мешавад, ки оё харидани билетӣ ҳарбӣ аз нигоҳи дини Ислом ҳаром аст ё роиҷ.

Мардон мегӯяд, мехоҳад намози худро тарк нукунад ва бо ҳамин далел ба адои хидмати ҳарбӣ рафтан намехоҳад. Ба гуфтаи вай, дар артиш ба хондани намоз иҷозат намедиҳанд ва илова бар ин қасам ҳам хӯрдан лозим аст.

Уламои марказ ба ин ҷавон посух гуфтаанд, ки харидани билети ҳарбӣ ҳаром аст ва дар сафи артиш барои хондани намоз монеае нест.

"Бародари азиз, хидмати Ватан барои ҳар фарди кишвар амри зарурӣ аст, аз ин рӯ, харидани билети ҳарбӣ ҳаром аст. Дар вақти адои хидмат барои хондани намоз ҳеҷ монеае нест, қасам ёд кардан бошад, барои садоқат ба Ватан ва хидмат ба он аст, на барои гуноҳ ё хиёнат",- омадааст дар посухи коршиносон.

Франц Клинцевич, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Сиёсатмадори рус: Артиши Тоҷикистон омода аст ҷангҷӯёнро пас биронад

Ёдоварӣ мекунем, мувофиқи фармони раисҷумҳури Тоҷикистон, имсол ҷавонони соли таваллуди 1990-1999 барои адои хидмати Ватан ба сафи қувваҳои мусаллаҳи Тоҷикистон даъват карда шуданд.

Ҷавонон зикргардида  бояд дар дар тӯли моҳҳои октябр-ноябри соли равон  ба артиши кишвар мепайвастанд. Пештар хабар дода шуд, ки вилояти Суғд 93 дарсади нақшаи даъватро иҷро кардаст.

Лентаи хабарҳо
0