ДУШАНБЕ, 1 ноя — Sputnik. Намояндагони Тоҷикистон дар ҳамоиши кулли ЮНЕСКО ширкат мекунанд, хабар медиҳад Вазорати фарҳанги Тоҷикистон.
Бино бар иттилои манбаъ, 29 октябр Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Комиссияи миллии Тоҷикисон оид ба корҳои ЮНЕСКО Шамсиддин Орумбекзода ва Ёрдамчии Президенти ҶумҳурииТоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа Раҳмонзода Абдуҷаббор Азиз баҳри иштирок дар Конференсияи Генералии ЮНЕСКО ба Франсия рафтанд.
Дар Конференсияи Генералии ЮНЕСКО, ки дар шаҳри Париж баргузор мегардад, суханронии Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Шамсиддин Орумбекзода дар назар аст.
Ҳамчунин зимни ин сафар вохурии ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо намояндагони Вазорати корҳои хориҷӣ ва Вазорати фарҳанги Франсия, инчунин роҳбарияти Осорхонаи Гимеи Париж ба нақша гирифта шудааст. Дар ҷараёни мулоқотҳо масъалаҳои омодагӣ ба намоиши нигораҳои таърихии Тоҷикистон, ки баҳори соли 2019 дар Осорхонаи Гимеи Париж доир мегардад, мавриди баррасӣ қарор мегиранд.