ДУШАНБЕ, 10 ноя — Sputnik. Ёсуман Исмонзода ё духтар калкуляторро аз пардохти маблағи таҳсил дар Литсейи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон озод кардаанд.
Ректори ДМТ Муҳаммадюсуф Имомзода дар маросими ҷаласаи раёсати донишгоҳ ба Ёсуман Исмонзода барои маваффақиятҳояш дар Олимпиадаи байналмилалӣ "Ифтихорнома" дод ва гуфт ин донишомӯзи тоҷик аз пардохти маблағи таҳсил дар литсейи ДМТ озод карда мешавад.
Ёсуман Исмонзода хонандаи синфи 9-уми Литсейи равияи табиии риёзии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон мебошад. Илова бар ин, ӯ дар Маркази таълимии Академияи арифметикаи зеҳнӣ — "Империя знаний"-муддати як сол ба омӯзиши масъалаҳои гуногуни илми ҳисоб машғул будааст.
Ёдоварӣ мекунем, ки Ёсуман Исмонзода ва Манижа Тошболтаева чанде пеш дар барномаи "Удивительные люди" дар шабкаи телевизионии "Россия 1" ширкат карда ва бо тезҳушии худ мардумро шигифтзада карда буданд.
Ёсуман Исмонзода ба осонӣ метавонад рақамҳои дурақамӣ ва серақамиро дар зеҳнаш зарбу тақсим кунад.
Манижа Тошболтаева бо чашм суръати ҳаракати худравҳоро муайян мекунад, ки барои ин қобилияташ доварон ӯро "духтар-радар" унвон карданд.
Илова бар ин Ёсуман, Манижа ва дигар шогирдони ин омӯзишкадаи "Империя знаний" дар олимпиади байналмилалии риёзии зеҳнӣ дар Маскав 12 медол, аз ҷумла 5 медоли тилло, 5 нуқра ва 2 биринқӣ ба даст оварданд.
Шогирдони Омӯзишкадаи риёзии зеҳнӣ "Империя знаний" дар озмуни ҳуши риёзӣ "GeniusKid-2017" дар шаҳри Маскав ҷои аввалро ба даст оварда ва Ҷоми озмуни тезҳуширо ба Тоҷикистон бурданд.