ДУШАНБЕ, 7 ноя — Sputnik. Кишвардори Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон лаёқат ва истеъдоди ду духтари тоҷикро, ки ватанашонро дар сатҳи байналмилалӣ муаррифӣ карданд, таҳсин гуфт.
Эмомалӣ Раҳмон пас аз маросиме дар боғи Айнӣ аз истеъдоди Ёсуман Исмонзода ва Манижа Тошболтаеваро таҳсину офарин гуфт.
Кишвардори Тоҷикистон қайд кард, ин ду тоҷикдухтар ифтихори мардуми тоҷик ҳастанд, ки Ватанашонро ба арсаи байналмилалӣ муаррифӣ карданд.
Ёдоварӣ мекунем, ки Ёсуман Исмонзода ва Манижа Тошболтаева чанде пеш дар барномаи "Удивительные люди" дар шабкаи телевизионии "Россия 1" ширкат карда ва бо тезҳушии худ мардумро шигифтзада карда буданд.
Ёсуман Исмонзода ба осонӣ метавонад рақамҳои дурақамӣ ва серақамиро дар зеҳнаш зарбу тақсим кунад.
Манижа Тошболтаева бо чашм суръати ҳаракати худравҳоро муайян мекунад, ки барои ин қобилияташ доварон ӯро "духтар-радар" унвон карданд.
Илова бар ин Ёсуман, Манижа ва дигар шогирдони ин омӯзишкадаи "Империя знаний" дар олимпиади байналмилалии риёзии зеҳнӣ дар Маскав 12 медол, аз ҷумла 5 медоли тилло, 5 нуқра ва 2 биринқӣ ба даст оварданд.
Шогирдони Омӯзишкадаи риёзии зеҳнӣ "Империя знаний" дар озмуни ҳуши риёзӣ "GeniusKid-2017" дар шаҳри Маскав ҷои аввалро ба даст оварда ва Ҷоми озмуни тезҳуширо ба Тоҷикистон бурданд.