ДУШАНБЕ, 9 ноя — Sputnik. Сарони ҳама кишварҳои узви СПАД ширкати худро дар нишасте, ки 30 ноябр дар Минск баргузор мешавад, таъйид карданд, гуфтааст кордори Белорус дар Амрико Павел Шидловский.
"СПАД яке аз коромадтарин созмонҳо дар паҳнои Уросиё аст, ки ҳама аъзояш чун як узв амал мекунанд", — гуфтааст Шидловский дар суханроние дар сафорати Русия дар Амрико дар зиёфате ба муносибати 25-умин солгади имзои Паймони амнияти дастҷамъӣ ва 15-умин солгарди бунёди СПАД.
Ҷумҳурии Белорус ҳамакнун раёсати Созмони Паймони амнияти дастҷамъиро бар уҳда дорад.
Таъмини амният ва субот дар минтақаи Осиёи Марказӣ яке аз аҳдофи аслии ин СПАД аст ва Тоҷикистон дар хатти муқаддами бархӯрд бо хатарҳое қарор дорад, ки аз сӯи Афғонистон ин минтақаро таҳдид мекунанд.
Чунончи, чанде пеш дабири кулли СПАД Юрий Хачатуров аз ҷамъ омадани камобеш 7 ҳазор ҷангҷӯи гурӯҳҳои теруристии "Толибон" ва "Давлати исломӣ" дар шимоли Афғонистон ҳушдор дода буд.
Вай гуфта буд, ки бино бар пешбиниҳои СПАД, бо фаро расидани баҳор таҳдидҳои теруристӣ аз шимоли Афғонистон ба марзҳои ҷанубии қаламрави дифоъии ин созмон бештар хоҳад шуд, аз ин рӯ, СПАД бояд барои пешгирӣ аз вуруди онҳо ба қаламрави худ омода бошанд.
Ба ин манзур дар миёнаҳои моҳи ноябр дар Тоҷикистон размоиши Нерӯҳои зудвокуниши СПАД баргузор хоҳад шуд.