СПАД аз таҳдидҳои Толибону ДОИШ ба Тоҷикистон ҳушдор медиҳад

© Sputnik / Asatur YesayantsПредставитель Армении генерал-полковник Юрий Хачатуров, архивное фото
Представитель Армении генерал-полковник Юрий Хачатуров, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Дар шимоли Афғонистон камобеш 7 ҳазор ҷангҷӯи гурӯҳҳои теруристии "Толибон" ва "Давлати исломӣ" ҷамъ омадаанд, ҳушдор медиҳад дабири кулли Созмони Паймони амнияти дастҷамъӣ Юрий Хачатуров

ДУШАНБЕ, 20 окт — Sputnik. СПАД пешбинӣ мекунад, ки бо фаро расидани баҳор таҳдидҳои теруристӣ аз шимоли Афғонистон ба марзҳои ҷанубии қаламрави дифоъии ин созмон бештар хоҳад шуд, гуфт дабири кулли СПАД Юрий Хачатуров.

Вай таъкид кард, ки СПАД бояд барои пешгирӣ аз вуруди онҳо ба қаламрави худ омода бошанд.

"Дар шимоли Афғонистон нерӯҳои бисёру ҷиддии "Толибон" ҷамъ омада истодаанд. Афзун бар он, ҷангҷӯёни "Давлати исломӣ" (ДОИШ — созмони теруристии мамнуъшуда дар Русия ва Тоҷикистон) низ онҷо камин гирифтаанд. Теъдодашонро мо камубеш 7 ҳазор ҷангҷӯ баровард кардаем. Ин падидаро бояд бисёр ҷиддӣ гирифт", — гуфт Хачатуров дар ҳамоиши ҷавонони СПАД дар Белград.

Вай гуфт, ҳамакнун кӯҳсори Тоҷикистон барфпӯш шудаанд ва "теруристҳо наметавонанд онҷо коре аз пеш бибаранд".

Первый этап вывода советских войск из Афганистана - Sputnik Тоҷикистон
Пуштибонӣ аз Толибон барои Русияву Эрон чи суде дорад?

"Вале то фаро расидани баҳор бояд омода буд. аз ин рӯ, мо дар ин рӯзҳо размоишҳо баргузор мекунем то душман бидонад, ки агар хоста бошад ба қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки узви СПАД аст, тохт оварад, мо омода ҳастем онро пас бизанем ва шикасташ бидиҳем", — таъкид кард Хачатуров.

Ёдоварӣ мекунем, ки чанде пеш дар шаҳри Душанбе нишасти Шурои вазирони дифоъи кишварҳои ҳамсуд баргузор шуда буд. Дар ин нишаст вазири дифоъи Русия аз вазъ дар марзи Тоҷикистон бо Афғонистон нигаронӣ кард. Гуфта мешавад, ки ин авохир ҷангҷӯёни шикастхӯрдаи ДОИШ аз Сурия ва Ироқ ба Афғонистон мегурезанд.

Лентаи хабарҳо
0