ДУШАНБЕ, 9 ноя — Sputnik. Вазири умури хориҷии Тоҷикистон Сироҷидин Аслов барои ширкат дар Ҳамоиши байналмилалии таъмини амнияту рушди устувор дар Осиёи Марказӣ ва нишасти вазирони умури хориҷии кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Иттиҳоди Урупо ба Узбакистон рафт.
Ба иттилоъи хадамоти матбуотии ВУХ ҶТ, Сироҷиддин Аслов дар ин ҳамоишу нишаст, ки 10 ноябр дар шаҳри Самарқанд баргузор мешаванд, суханронӣ карда ва мавқеъи Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар масъалаҳои муҳими ҳамкории минтақаӣ ва байналмилалӣ бозтоб хоҳад дод.
Гуфта мешавад, ки вазири умури хориҷии Тоҷикистон дар раванди ин сафар дидорҳои дуҷониба дар назар гирифта шудааст.
Ёдовар мешавем, ки вазири умури хориҷии ҶТ Сироҷидин Аслов дирӯз дар Душанбе бо ҳамтои эронияш Муҳаммадҷавод Зариф дидору гуфтугӯ карда буд.
"Дар ин дидор вазъ ва дурнамои рушди равобити дуҷониба баррасӣ шуда ва дар масъалаҳои мубрами байналмилалӣ ва минтақаӣ мубодилаи афкор сурат гирифт. Ҷонибҳо бар нақши Кумисюни байниҳукуматии тиҷориву иқтисодӣ дар густариши ҳамкориҳо дар заминаҳои гуногун таъкид намуданд", — гуфта мешавад дар иттилоъияи ВУХ ҶТ.
Сироҷиддин Аслов ва Муҳаммадҷавод Зариф ҳамчунин дар маросими бозкушоии сохтмони нави Сафорати Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ширкат карданд.
Пеш аз он Муҳаммадҷавод Зариф бо раисҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон низ дидор ва масоили ҳамкориҳои дуҷонибаро баррасӣ карда буд.
Дафтари иттилоърасонии раисҷумҳур гуфта, ки дар ин дидор "ҷонибҳо масъалаҳои муҳим, аз ҷумла татбиқи тавофуқоти қаблан ба даст омада, рушди ҳамкории иқтисодию тиҷоратӣ, сармоягузорӣ, энергетика, нақлиёт, кишоварзӣ ва саноатро мавриди баррасӣ қарор доданд".
"Дар ин замина ҷонибҳо аҳамияти Ҷаласаи навбатии Комиссияи муштараки байниҳукуматӣ оид ба ҳамкориҳои тиҷоратӣ — иқтисодӣ ва фарҳангиро, ки рӯзҳои наздик дар шаҳри Душанбе баргузор мегардад, махсус таъкид карданд", — ёдоварӣ карда дар ин ниҳод.
Гуфта мешавад, ки Эмомалӣ Раҳмон ва Муҳаммадҷавод Зариф ҳамчунин дар масоили амнияти минтақаӣ, мубориза бо теруризму ифротгароӣ ва ҳамкорӣ дар доираи созмонҳои минтақаиву ҷаҳониро баррасӣ кардаанд.