Аз анбори корхонаи равғани Исфара колои қочоқӣ пайдо шуд

© Хадамоти гумруки ТоҷикистонПайдо шудани колои қочоқ дар анбори равғанбарорӣ дар Исфара
Пайдо шудани колои қочоқ дар анбори равғанбарорӣ дар Исфара - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Арзиши умумии колои қочоқӣ, ки аз Қирғизистон ба Тоҷикистон ғайриқонунӣ ворид карда шудааст, наздики 200 ҳазор сомониро ташкил медодааст

ДУШАНБЕ, 9 ноя — Sputnik. Хадамоти гумруки Тоҷикистон гузориш дод, аз корхонаи равғани Исфара колои қочоқӣ пайдо шудааст.

Бино бар иттилои манбаъ,  корхонаи равғанро кормандони хадамот ҳамроҳ бо  кормандони додситонӣ аз бозрасии гумрукӣ гузаронданд.

Дар паи бозрасӣ аз ин анбор ҷевонҳои гуногунҳаҷм, кат барои кӯдакон, инчунин қисмҳои эҳтиётии асбобҳои сохтмонӣ пайдо шудааст, ки бо роҳи ғайриқонунӣ аз Қирғизистон ба Тоҷикистон ворид гардидаанд.

Гуфта мешавад, арзиши умумии колои қочоқӣ наздикӣ 200 ҳазор сомониро ташкил медиҳад.

Аз рӯйи ҳолати мазкур парвандаи ҷиноятӣ боз шудааст.

Бино бар иттилои манбаъ, ин колоро як шаҳрванди Тоҷикистон,  ки номашро хадамот ошкор намекунад,  бе назорати гумрукӣ аз Қирғизистон ба Тоҷикистон ворид кардааст.

Лентаи хабарҳо
0