Муоинаи хешовандии номзадҳоро дар Хатлон ҷиддӣ гирифтанд

© SputnikОткрытие военного госпиталя 451 МО РФ в Таджикистане
Открытие военного госпиталя 451 МО РФ в Таджикистане - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Дар вилояти Хатлон муоинаи хешу табориро ҷиддӣ гирифтанд

ДУШАНБЕ, 3 ноя — Sputnik. Ба гузориши равобити умумии Вазорати фарҳанги ҶТ, дар Хатлон мушовараи навбатии Раёсати тандурустии вилоят баргузор шуд.

Ба иттилоъи манбаъ, дар ин мушовара ҷамъоварии гиёҳҳои шифобахш, бақайдгирии саривақтии бемориҳои сироятӣ ва мубориза алайҳи он, тестҳои оҷилӣ ва назорати антенаталӣ, сертификатсияи мутахассисон ва омодагӣ ба зимистонгузаронӣ дар муассисаҳои тиббии вилояти Хатлон, аз мавзуъҳои аслӣ буданд.

"Дар ҷаласа вобаста ба иҷрои супоришҳои роҳбарияти Вазорати тандурустӣ дар самти беҳтар намудани вазъи хизматрасонӣ оид ба муоинаи хатмии хешу таборӣ ва вобаста ба карори 600 супоришҳои дахлдор қабул гардид", — омадааст дар хабарнома.

Ҷарроҳии ройгон дар Душанбе - Sputnik Тоҷикистон
Дили бемори кӯдакони тоҷикро ройгон ҷарроҳӣ мекунанд: то 4 ноябр

Чорабинии мазкур бо иштироки кулли намояндагони зерсохторҳои Раёсати тандурустии вилоят баргузор гардида, дар он паҳлуҳои мухталифи масоили зиргардида мавриди таҳлил қарор гирифтанд.

Пештар хабар дода шуд, ки дар тӯли як ҳафта дар маркази табобатии "Истиқлол"-и душанбе барои кӯдаконе, ки аз бемории дил азият мекашанд, ҷарроҳии ройгон гузаронида мешавад.

Беш аз 23 ҷароҳи дилу рагҳо аз 13 кишвари хориҷ аз қабили Арабистони Саудӣ, Канада, Судон, Австралия, Покистон, Ҳиндустон, Миср ва ғайра бо сарпарастии Муассисаи "Муҳаммад бин Рошид ибни Мактум" бемории қалби кӯдакони тоҷикро шифо мебахшанд.

Дар даври аввал аз 25 октябр то 04 ноябр соли равон беш аз 105 беморон ҷарроҳӣ хоҳад шуд. Ҳамзамон дар назар аст, иқдоми хайрхоҳонаи мазкур таи моҳи феврали соли 2018 низ сурат бигирад.

Лентаи хабарҳо
0