"Сӯзӣ маро": гузориши аксӣ аз ҳунарнамоии гурӯҳи "Шамс" дар Маскав

Обуна шудан
Гурӯҳи созиву овозии "Шамс" ба раҳбарии Нобовар Чиноров ва гурӯҳи рақсии созмони "Нур" ба раҳбарии Малина Гулшерхонова меҳмонони ин ҷашнвораи Анҷумани ҷуғрофиёии Русия буданд

Гурӯҳи созиву овозии "Шамс" ба раҳбарии Нобовар Чиноров ва гурӯҳи рақсии созмони "Нур" ба раҳбарии Малина Гулшерхонова меҳмонони ин ҷашнвора буданд.

Фестиваль Русского Географического Общества открылся в Москве - Sputnik Тоҷикистон
Ҳунарнамоии Нобовар Чиноров ва Иқбол Завқибеков дар Маскав

Нахуст гурӯҳи "Нур" ҳунари рақси тоҷикиро ба меҳмонони ҷашнвора намоиш дод. Раққосаҳо пироҳани зебои бадахшонӣ ба тан дар ҳавои оҳанги шӯх дастафшонӣ карданду чархиданду тамошобинонро ба шӯр оварданд. Меҳмонон бо шавқу завқ рақси зебои Бадахшонро тамошо карданду бо кафкӯбӣ ҳунармандонро аз саҳна гусел карданд.

"Тамошобинон моро бисёр гарму хуш пешвоз гирифтанд. Аз кафкӯбиҳояшон дониста мешуд, ки созу овозу оҳангҳоямон хушашон омадаанд", — гуфтанд Нобовар Чиноров ва Иқбол Завқибеков пас аз ҳунарнамоӣ.

Ҳунарнамоии меҳмонони тоҷикро Аслишо Акимбеков, раҳбари Кумитаи фарҳангии созмони "Нур" раҳбарӣ мекард. Вай гуфт, ки гурӯҳҳои тоҷикиро Сафорати Тоҷикистон дар Маскав ва Анҷумани ҷуғрофиёии Русия ба ин ҷашнвора даъват кардаанд.

"Мо дар ин ҷашнвора Тоҷикистонро намояндагӣ кардем. Аз гурӯҳи "Шамс" бисёр сипосгузорам, ки даъватамонро пазируфт. Онҳо бояд 10 ноябр Маскав меомаданд то дар консерти бузург ба муносибати "Ҷашни алмосии" шоҳзода Оқохон ширкат кунанд, ки 12 ноябр дар "Лужники" баргузор мешавад. Ҳамчунин аз гурӯҳҳои ҳунарии созмони "Нур", бавижа гурӯҳи рақсӣ ва бонувони Кумитаи занону кӯдакон сипосгузорам, ки барномаамонро рангоранг карданд", — гуфт Аслишо.

© Sputnik / Мельников ВалерийГурӯҳи созиву овозии "Шамс" ба раҳбарии Нобовар Чиноров ва гурӯҳи рақсии созмони "Нур" ба раҳбарии Малина Гулшерхонова меҳмонони ин ҷашнвора буданд.
Севумин ҷашнвораи Анҷумани ҷуғрофиёии Русия дар шаҳри Маскав - Sputnik Тоҷикистон
1/8
Гурӯҳи созиву овозии "Шамс" ба раҳбарии Нобовар Чиноров ва гурӯҳи рақсии созмони "Нур" ба раҳбарии Малина Гулшерхонова меҳмонони ин ҷашнвора буданд.
© Sputnik / Мельников ВалерийРаққосаҳои дастаи ҳунарии "Нур" таҳти мусиқии мағруб мечарханд.
Севумин ҷашнвораи Анҷумани ҷуғрофиёии Русия дар шаҳри Маскав - Sputnik Тоҷикистон
2/8
Раққосаҳои дастаи ҳунарии "Нур" таҳти мусиқии мағруб мечарханд.
© Sputnik / Мельников ВалерийРақти "асп" дар иҷрои Абдумамад Бекмамадов таҳти таронаи маъруфи "Сӯзи маро".
Севумин ҷашнвораи Анҷумани ҷуғрофиёии Русия дар шаҳри Маскав - Sputnik Тоҷикистон
3/8
Рақти "асп" дар иҷрои Абдумамад Бекмамадов таҳти таронаи маъруфи "Сӯзи маро".
© Sputnik / Мельников ВалерийДухтарони доиранавоз.
Севумин ҷашнвораи Анҷумани ҷуғрофиёии Русия дар шаҳри Маскав - Sputnik Тоҷикистон
4/8
Духтарони доиранавоз.
© Sputnik / Мельников ВалерийРақси "аспак" мардумро ба ваҷд овард.
Севумин ҷашнвораи Анҷумани ҷуғрофиёии Русия дар шаҳри Маскав - Sputnik Тоҷикистон
5/8
Рақси "аспак" мардумро ба ваҷд овард.
© Sputnik / Мельников ВалерийСаҳнаро гурӯҳи созиву овозии "Шамс" гирифт, ки меҳмони вижаи ҷашнвора буд. Нобовар Чиноров ва Иқбол Завқибеков созҳояшонро дар оҳанги нарму дилнавозе ҷӯр карданд.
Севумин ҷашнвораи Анҷумани ҷуғрофиёии Русия дар шаҳри Маскав - Sputnik Тоҷикистон
6/8
Саҳнаро гурӯҳи созиву овозии "Шамс" гирифт, ки меҳмони вижаи ҷашнвора буд. Нобовар Чиноров ва Иқбол Завқибеков созҳояшонро дар оҳанги нарму дилнавозе ҷӯр карданд.
© Sputnik / Мельников Валерий Духтарони доирабадаст мардумро ба толори барҳаво бо доиранавозӣ хушомадед гуфтанду тамошобинон аз ҳунари онҳо аз ҷой бархоста,миннатдорӣ намуданд.
Севумин ҷашнвораи Анҷумани ҷуғрофиёии Русия дар шаҳри Маскав - Sputnik Тоҷикистон
7/8
Духтарони доирабадаст мардумро ба толори барҳаво бо доиранавозӣ хушомадед гуфтанду тамошобинон аз ҳунари онҳо аз ҷой бархоста,миннатдорӣ намуданд.
© Sputnik / Мельников ВалерийНобовар Чиноров дар ҷашнвораи Анҷумани ҷуғрофиёии Русия дар шаҳри Маскав.
Севумин ҷашнвораи Анҷумани ҷуғрофиёии Русия дар шаҳри Маскав - Sputnik Тоҷикистон
8/8
Нобовар Чиноров дар ҷашнвораи Анҷумани ҷуғрофиёии Русия дар шаҳри Маскав.
Лентаи хабарҳо
0