Гурӯҳи созиву овозии "Шамс" ба раҳбарии Нобовар Чиноров ва гурӯҳи рақсии созмони "Нур" ба раҳбарии Малина Гулшерхонова меҳмонони ин ҷашнвора буданд.
Нахуст гурӯҳи "Нур" ҳунари рақси тоҷикиро ба меҳмонони ҷашнвора намоиш дод. Раққосаҳо пироҳани зебои бадахшонӣ ба тан дар ҳавои оҳанги шӯх дастафшонӣ карданду чархиданду тамошобинонро ба шӯр оварданд. Меҳмонон бо шавқу завқ рақси зебои Бадахшонро тамошо карданду бо кафкӯбӣ ҳунармандонро аз саҳна гусел карданд.
"Тамошобинон моро бисёр гарму хуш пешвоз гирифтанд. Аз кафкӯбиҳояшон дониста мешуд, ки созу овозу оҳангҳоямон хушашон омадаанд", — гуфтанд Нобовар Чиноров ва Иқбол Завқибеков пас аз ҳунарнамоӣ.
Ҳунарнамоии меҳмонони тоҷикро Аслишо Акимбеков, раҳбари Кумитаи фарҳангии созмони "Нур" раҳбарӣ мекард. Вай гуфт, ки гурӯҳҳои тоҷикиро Сафорати Тоҷикистон дар Маскав ва Анҷумани ҷуғрофиёии Русия ба ин ҷашнвора даъват кардаанд.
"Мо дар ин ҷашнвора Тоҷикистонро намояндагӣ кардем. Аз гурӯҳи "Шамс" бисёр сипосгузорам, ки даъватамонро пазируфт. Онҳо бояд 10 ноябр Маскав меомаданд то дар консерти бузург ба муносибати "Ҷашни алмосии" шоҳзода Оқохон ширкат кунанд, ки 12 ноябр дар "Лужники" баргузор мешавад. Ҳамчунин аз гурӯҳҳои ҳунарии созмони "Нур", бавижа гурӯҳи рақсӣ ва бонувони Кумитаи занону кӯдакон сипосгузорам, ки барномаамонро рангоранг карданд", — гуфт Аслишо.