ДУШАНБЕ, 8 ноя — Sputnik. Ба гузориши равобити умумии ВКД, дар ин рӯз ба кормандони милитсияи шаҳру ноҳияҳои ВМКБ барои хизматҳои содиқона нишони сарисинагии "Барои хизматҳои аъло", "Аълочии милитсия", медал барои "Хизмати шоён", "Милитсияи Тоҷикистон", Ифтихорнома, Раҳматнома, Сипосномаи вазири корҳои дохилии Тоҷикистон ва рутбаҳои навбатӣ тақдим шудааст.
Ҳамчунин гуфта мешавад, ки бо супориши вазири корҳои дохилӣ РВКД дар ВМКБ пурра таъмир гардида, ШБДА, ДТММ, бинои нави сеошёна, муҷассама барои поси хотири кормандоне, ки ҳангоми адои вазифаҳои хизмати ҷоннисорӣ кардаанд сохта шудааст.
Манбаъ меафзояд, дар пешорӯи Рӯзи милитсия барои кормандони Хадамоти шиносномавию бақайдгирӣ, шуъбаи молия ва иқтисод дар дар ВМКБ маросими ифтитоҳи бинои сеошёна бо иштироки муовини вазири корҳои дохилӣ Маҳмадсаид Саидзода, раиси ВМКБ Шодихон Ҷамшед, сардори РВКД дар ВМКБ генерал-майори милитсия Искандарзода Абдулваҳоб, баргузор гардид.
Бинои нави замонавӣ бо тамоми шароитҳо аз қабили таҷҳизоти компютерӣ, нусхабардорӣ, кондисионерҳо, ҷевонҳои оҳанин, мизу курсӣ, маҷлисгоҳ барои 200 ҷойи нишаст, ошхона ва ҳуҷраҳои кории кормандон сохта, мавриди истифода қарор дода шуд.