ДУШАНБЕ, 5 ноя — Sputnik. Ба гузориши равобити умумии ВКД ҶТ, дар маросими ифтитоҳи қароргоҳи Нерӯҳои вижаи милиса муовини вазири умури дохилӣ Маҳмадсаид Саидзода ширкат кардааст.
Ҳамчунин дар ин маросим муовини раиси Маҷлиси миллӣ, раиси ВМКБ Шодихон Ҷамшед, сардори РВКД дар ВМКБ сарлашкари милиса Абдулваҳоб Мансур, додситони ВМКБ Дороб Асозода, муовини сардори РВКД дар ВМКБ сарҳанги милиса Ғайратшо Муборакшоҳзода ва фармондеҳи НВМ РВКД дар ВМКБ сарҳангдувум Ҷумъахон Шарипов ширкат карданд.
Муовини вазири умури дохилӣ Маҳмадсаид Борон ҳангоми боздид аз ин қароргоҳ бо шароити хидматии кормандони милиса аз наздик шинос гардида, аз корҳои анҷомшуда қаноатманд шудааст.
"Дар ҷараёни чорабинӣ муовини вазири умури дохилӣ сарлашкари милиса Маҳмадсаид Саидзода бо кормандони ДТММ дидор карда, ҷиҳати посдошти амнияти кишвар ва марз, қонунмадорӣ ва нигаҳбонии назму низом дар ҷомеъа дастуру супоришҳо дод", — омадааст дар хабарнома.
Ба гузории манбаъ, қароргоҳи Нерӯҳои вижа бо шароити хуб таъмин буда, бо ҷои хоб, ҷевонҳои оҳанин барои нигаҳдории силоҳу аслиҳа, ҷойи хӯроктайёркунӣ, ҳаммом, ошхона, манбаҳои гармдиҳӣ ва дигар шароитҳои хидматӣ пурра таъмин мебошад.