ДУШАНБЕ, 30 окт — Sputnik. Бино ба гузориши Созмони ҳавошиносии Тоҷикистон, имрӯз дар саросари кишвар ҳаво тағйирёбанда ва бебориш шуда, дар бархе аз манотиқи кишвар ҳарорати ҳаво баланд мешавад.
Тибқи маълумоти обуҳавошиносони кишвар, дар вилояти Хатлон ҳавои абрноки бебориш пешбинӣ шуда, шамол аз самти шарқ 3-8 метр дар як сония вазида, ҳарорат дар водиҳо рӯзона ба 26-31 дараҷа мерасад.
Бар асоси пешбинии созмон, дар вилояти мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешбинӣ мегардад. Ҳарорат дар ғарби вилоят рӯзона 16-21 дараҷа гарм ва дар шарқи он 3-8 дараҷа сард мешавад.
Обуҳавошиносон дар вилояти Суғд ҳавои тағйирёбандаи абрнок пешбинӣ менамоянд. Вазиши шамол аз самти шарқ ба 3-8 ва дар баъзе ноҳияҳо 15-20 метр дар як сония мерасад. Ҳарорати ҳаво дар водиҳо шабона 9-14 ва рӯзона 21-26 дараҷаро ташкил медиҳад.
Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳаво абрнок гашта, шамол аз самти шарқ 3-8 метр дар як сония мевазад. Ҳарорат дар водиҳо шабона ба 1-6 ва рӯзона ба 19-24 дараҷа мерасад.
Обуҳавошиносон дар шаҳри Душанбе ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ менамоянд. Шамол аз самти шарқ 5 метр дар як сония вазида, ҳаво шабона 4-6 ва рӯзона 27-29 дараҷа гарм мешавад.