Белорус бо маҳсулоти худ бозори Тоҷикистонро пур мекунад

© Sputnik / Дмитрий Коробейников / Гузариш ба медиабонкТракторҳои Белорус дар намоишгоҳ. Акс аз бойгонӣ
Тракторҳои Белорус дар намоишгоҳ. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Ҳайати Белорус хостори тиҷорати дуҷониба бо Тоҷикистон буда, ҳамчунин мехоҳад ҳамкориҳоро дар соҳаҳои кишоварзӣ, саноати сабук, хӯрокворӣ, тандурустӣ ва саноат рушд диҳад.

ДУШАНБЕ, 16 июн — Sputnik. Раиси ПСС Тоҷикистон Шариф Саид ҳайати иқтисодии Белорусро бо роҳбарии мушовири сафорати Белорус дар ҶТ Виктор Полянинро ба ҳузур пазируфт, иттилоъ медиҳад дафтари матбуотии Палатаи саноат ва савдои ҷумҳурӣ.

Дар вохӯрӣ намояндагони соҳаҳои гуногуни иқтисодӣ иштирок карданд.

Ҳайати Тоҷикистон аз 40 намояндагони Вазорати саноат ва технологияҳои нави ҶТ, Вазорати рушди иқтисод ва савдо, Вазорати энергетика ва захираҳои оби ҶТ,  Кумитаи меъморӣ ва сохтмон ва Кумитаи андози ҶТ иборат буд.

"Маҳсулоти истеҳсоли Белорус-ин маҳсулоти сифаташ олӣ буда, дар қаламрави кишвари мо ва берун аз он хеле машҳур аст. Аз ҷумла маҳсулоти техникӣ, худпартоҳо, БелАЗ, Белшина, тракторҳо, таҷҳизоти насбкунанда, қисмҳои эҳтиётӣ, мебел, маҳсулоти қаннодӣ, маҳсулоти химиёвӣ, атриёт, доруворӣ ва ғайра",-қайд кард раиси ПСС.

Ҷонибҳо рушди ҳамкориҳои ду кишварро дар соҳаҳои гидроэнергетика, саноати кӯҳӣ, кишоварзӣ, сохтмон, саноати сабук, хӯрокворӣ, тандурустӣ, маориф ва илм баррасӣ намуданд.

"Белорус бо дарназардошти имкониятҳои иқтисодӣ метавонад ба Тоҷикистон маҳсулоти лозимаро интиқол диҳад. Ин техникаи мошинсозӣ, маҳсулоти озуқа, мебел, доруворӣ, маҳсулоти қаннодӣ ва ғайраҳо мебошад",-изҳор дошт Виктор Полянин.

Соли 2015 гардиши савдои байни Тоҷикистон ва Белорус 32,7 миллион долларро ташкил дод, ки ин нисбат ба соли 2014-12,4% камтар аст.

Лентаи хабарҳо
0