ДУШАНБЕ, 7 ноя — Sputnik. Дар Маскав як шаҳрванди Қирғизистон дастгир карда шудааст, ки қасд дошта бо худрави борбари "КамАЗ" дар назди яке аз истгоҳҳои метро амалиёти теруристӣ анҷом диҳад, гуфт вазири умури дохилии Русия Владимир Колоколтсев.
"Вай ҳамчунин дигаронро ба пайвастан ба ДОИШ даъват мекардааст. Ӯ боздоштшуда ва парвандааш такмил мешавад", — гуфтааст Владимир Колоколтсев имрӯз дар мусоҳиба бо рӯзномаи "Известия".
Вай афзудааст, ки Вазорати умури дохилии Русия камобеш 150 гурӯҳи теруристии ташкилшуда аз намояндаҳои миллатҳои гуногунро шиносоӣ карда ва беш аз 800 кас аз саркардагону ҷангҷӯёни ин гурӯҳҳоро бозҷуст дорад.
Гурӯҳи ДОИШ то кунун дар Русия чанд амалиёти теруристӣ анҷом додааст, ки маргбортаринашон 3 апрел дар Санкт-Петербург рух дод. Дар он ҳамла дар паи инфиҷор дар вагони метро дар истгоҳи «Технологический институт» 14 кас кушта ва беш аз 50 кас захмӣ шуда буд. Омили он амалиёти интиҳорӣ шаҳрванди 22-солаи узбактабори Қирғизистон Акбарҷон Ҷалилов шинохта шуд.