Боздошти шаҳрвандони Қирғизистон ва Тоҷикистон бо 43 кг ҳероин

© Sputnik / Владимир ПесняЗаключенный. Архивное фото
Заключенный. Архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Шаҳрванди Қирғизистон ва ҳаммаслаки ӯ аз Тоҷикистон - шахси қаблан судшуда, бо 43 кг ҳашиш ва ҳероин дастгир шуданд

ДУШАНБЕ, 11 июн — Sputnik. Бино ба иттилоъи равобити умумии Вазорати корҳои дохилаи ҶТ ин ду гумонбар дар гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир рӯзи 9 май дастгир шудаанд.

Дар рафти баргузории корҳои вижаи ҷустуҷӯӣ кормандони ҳифзи ҳуқуқ сарчашмаи паҳнкунии маводи мухадирро дарёфт карданд.

Ҳероин. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Қочоқбари тоҷик бо ҳероин дар меъда, дар фурӯдгоҳ дастгир шуд

Дар робита бо муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир шаҳрванди Қирғизистон Шавкатҷон Шаҳобиддинович ва шахси қаблан судшуда, Исроил Султонзода (номи қаблиаш Гадоаҳмад Гадоев) дастгир шудаанд.

Шавкатҷон сокини ноҳияи Лейлеки вилояти Боткен буда ҳамроҳ бо шаҳрванди Тоҷикистон бо 42, 941 килу ҳероин ва ҳашиш боздошт шуд.

Нисбати ин ду гумонбар бо моддаи 200 қисми 4 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардид.

Айни замон онҳо дар ҳабси пешакӣ қарор доранд.

Лентаи хабарҳо
0