ДУШАНБЕ, 7 ноя — Sputnik. Чуноне ки Вазорати фарҳанги Тоҷикистон хабар додааст, имрӯз дар кишвар 60-солагии фаъолияти эҷодии Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон Марям Исоева ҷашн гирифта мешавад.
Бино бар иттилои манбаъ, маросим бегоҳии имрӯз соати 17:00 дар Театри Лоҳутӣ баргузор хоҳад шуд.
Гуфта мешавад, ин шом парчаҳо аз ҳунарнамоиҳои ин бонуи ҳунар намоиш дода шуда, намоиши аксӣ низ дар назар аст.
Ҳамчунин дар ин маросими ба муносибати Рӯзи театри тоҷик кормандони саҳна бо ифтихоромаву нишон сарфароз хоҳанд шуд.
Марям Исоева 1-уми майи соли 1937 дар Хуҷанд ба дунё омадааст. Бонуи ҳунар яке аз ҳунармандони соҳибистеъдодест, ки дар пешрафти театри тоҷик саҳми арзандае гузоштаст.
Моҳи майи ҳамин сол Марям Исоева 80-сола шуд. Пас аз зодрӯзаш ҳунарпеша дар мусоҳиба бо хабарнигори "TajikistanTimse" гуфта буд, ки "сахт ранҷидааст". Дар ин мусоҳиба бонуи ҳунар аз рӯзгори худ ва фаъолияти эҷодиаш нақл кард. Аз нақшаҳое, ки барои ҷашн гирифтани зодрӯзаш кашида буду бо далоиле амалӣ нашуд, шикоят бурд.
Имрӯз Тоҷикистон тасмим гирифтааст, ки дар Рӯзи театри тоҷик яке аз чеҳраҳои дурухшони саҳна- Марям Исоеваро қадрдонӣ кунад.