Бозор Собир: миллати рус ба мо наздик аст – русҳо аз нажоди мо ва мо аз нажоди русҳо мебошем

© Sputnik / Амир ИсаевШоир Бозор Собир
Шоир Бозор Собир - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Бозор Собир дар сӯҳбати кӯтоҳ бо Sputnik Тоҷикистон аз рисолати шоирии хеш, аз вазъи забони имрӯзаи тоҷикӣ, аз фарҳанги тоҷикон ва таъсири кишварҳои дигар ба забон, маданият, фарҳанги тоҷикӣ ва самтҳои сиёсати хориҷии Тоҷикистон сӯҳбат орост

Тоҷикистон, Тоҷикистон

Мекунам шукри каму бисёри ту

Мекунам шукрона аз озарму аз озори ту

Аз ту ман сарват намехоҳам

Ватан ҳастӣ, бас аст

Бо хасу хорат баробар зиндагӣ кардан бас аст…

Гӯяндаи ин мисраҳои маъруф, ки ӯро ҳар як фарди огоҳи Тоҷикистон ба хубӣ мешиносад, рисолати шоириро ватандустӣ, забони муосири тоҷикиро мушкилфаҳм ва миллати тоҷику русро ҳамнажод медонад.

Рисолати шоир

Устод Бозор Собир, ки ба синни 76-солагӣ расидааст ва ҳамчун шоир дар ин муддат тавонистааст, барои миллат шеърҳои тоҷикона офарад, мегӯяд, ки рисолати шоир ҳамагӣ аз ватандӯстӣ, миллатпарастӣ, халқдӯстӣ ва аз маданияту санъати халқ бохабар будан ва ин ҳамаро ҳифз кардан, иборат аст.

Ӯ мегӯяд, шоир бояд шахсияти аввалинии миллат бошад ва дар ҳама коре, ки халқ мекунад, шоир бояд дар саффи аввал қарор гирад, шоир беҳтарин интелегенти миллат аст. Барои он, ки шоир рисолати хешро иҷро карда тавонад, бояд пеш аз ҳама бисёр тарбиятомӯхта, фарҳангӣ ва маданӣ бошад. Бозор Собир мутмаин аст, ки шоири муқаррарӣ ин амалро иҷро намуда наметавонад, барои ин бояд  тамоми ҷанбаҳои зиндагии мардумро дар ашъори хеш ҷо дод.

" Шоир бояд ба кори маориф, маданият, фарҳанг ва ҳамаи корҳое, ки ба фарҳанг дахл дорад, даст дошта бошад, яъне шоир бояд беҳтарин интилигенти миллат бошад",- мегӯяд Бозор Собир.

Қадрдонии устоди сухан дар Тоҷикистон

Шоир иброз дошт, ки ҳарчанд имсол мавлуди 76-солагии худро ҷашн гирифтааст, аммо ҷашн гирифтани зодрӯз барояш  масъалаи муҳим нест.

"Ҳангоми дар муҳоҷират дар Амрико буданам, зодрӯзи худро дар ҳалқаи дӯстон ҷашн мегирифтам, аммо ҳоло бошад дар Тоҷикистон зодрӯзи ман оммавӣ гардидааст",- қайд кард вай.

Бозор Собир аз қадрдонии мухлисонаш ва ҳамватанонаш дар Тоҷикистон сад дар сад розӣ аст ва мегӯяд, ки ҳангоми дар Амрико буданаш низ ӯ ва ашъори ӯро ёд мекарданд, ҳоло бошад ҳам аз вай мегӯянд.

Баръакс, мегӯяд устод,  ҳангоми ба ватан бар гаштанаш имконият бо халқ будан барояш осонтар гардид ва мунтазам дар маҳфилҳои телевизион ва радио иштирок мекунад.

"Пас аз он, ки ба  Тоҷикистон бар гаштам,  маро ба телевизион ва радио даъват мекунанд дар матбуот аз шеър ва мавқеи ман менависанд.Албатта ин амалҳо бештар таблиғотӣ ҳастанд, аммо  ба ман илҳом мебахшад ва рӯҳбаланд мекунад",- қайд намуд Бозор Собир.

Ба саволи он, ки "имрӯз дар шеъри тоҷикӣ кадом ормонҳо носуруда мондааст", устод гуфт:

— Тоҷикистон нисбати чанд соли пештар обод аст- бинокорӣ, ободӣ ба амал омадааст.  Душанбе беҳтарин шаҳр аст. Роҳҳои оҳан низ сохта шуда истодаанд, вазъияти роҳҳо хуб шуда истодааст. Фақат саноат нест, аммо ба саноатро низ шурӯъ кардаанд, корхонаҳои саноатӣ барқарор шуда истодааст, аммо саноати колоне, ки дар сатҳи ҷумҳурӣ бошад, нест, лекин тарадудаш ҳаст, масъалан ҳоло сохмони Роғун сар шудааст, ГЭС-и Роғун, ки ба кор даромад, Тоҷикистон як ҷумҳурии комилан мустақил мешавад. Пас аз он  метавон ба пуррагӣ мо Тоҷикистонро соҳибистиқлол номем, ягон шубҳа намемонад.

Ба қавли Бозор Собир шоирон дар ин ҷода бояд дар паҳлуи пешравиҳо, камбудиҳо ва дастовардҳои кишвар бошанд.  Ӯ дар ин ҷода як шеъри худро мисол низ меорад:

Вахшоб даҳанкалонӣ мекард умре,
Кафкаш ба лабон дамида ҳамчун сармаст.
Эмомалӣ худ нишаста дар булдозер,

Чоки даҳани калони дарёро баст.

"Инро ман дар ҳамон рӯзо гуфта будам, ки дар Тоҷикистон  ҷараёни Вахшро бастанд"- гуфт шоир.

Аз нигоҳи шоир инсон пеш аз ҳама бояд дар ҷамъият фаъол бошад, яъне на танҳо узви ҷамъият бошад, балки шахсияти ҷамъият бошад.

Вазъи забони тоҷикӣ

Бозор Собирро вазъи забони муосири тоҷикӣ нигарон кардааст. Ба фикри устоди сухан забони тоҷикие, ки дар замони Шӯравӣ буд, беҳтарин забон буд. Яъне калимаҳое, ки  дар мавриди истифода буданд- оммафаҳм буданд.

Бозор Собир аз забонаи имрӯзаи матбуот шикоят намуда, гуфт, ки он "бадтарин" забон аст.

"Имрӯз дар матбуот ҳар чизе, ки дар забони Эрону Афғонистон меёбанд, менависанд, Эрон аз луғати арабӣ истифода мебарад, Афғонистон низ. Мо мӯҳтоҷи луғати арабӣ нестем ва ҳар қадар аз луғати байналмиллалӣ гирем, ҳамон қадар хуб аст, забони Шӯравӣ беҳтарин буд. Арабибозие, ки ҳоло аст, он вақтҳо набуд. Ҳоло забони матбуоти хусусӣ бадтарин аст",- мегӯяд Бозор Собир.

Ҳамон иқтибосҳое арабие, ки мо дорем дар забони тоҷикӣ басанда аст, аз он зиёдаш лозим нест, гуфт вай.

Муҳоҷирон бояд ба Русия раванд ва Тоҷикистон бояд бо Русия ҳамкорӣ кунад

Бозор Собир, ки тақрибан худ 20 сол муқими Арико буд ва аз шароити кору фаъолият дар он ҷо хуб ошно аст, мегӯяд, ки барои тоҷикон сафар кардан ба Русия қулайтар аст, на ба Амрико. Сабабҳои инро вай дар забондонӣ, шароити кор ва рафтуомади муҳоҷирон медонад.

"Мо дар  СССР ба Русия одат кардаем, ҳам аз лиҳози психологӣ ва ҳам аз лиҳози  забон. Тоҷикон ду забон доранд — русӣ ва тоҷикӣ. Миллати рус ба мо наздик аст — русҳо аз нажоди моянд ва мо аз нажоди русҳо мебошем",- қайд намуд вай.

Тоҷикистон бояд ҳамеша ба Русия ҳамкор бошад. Ягон миллати дигаре ба монанди русҳо ба мо наздиктар нест, мегӯяд Бозор Собир.

Аммо дар мавриди Чин ва зиёд гардидани мавқеи он дар Тоҷикистон шоир иброз дошт, ки ҳар хизмате, ки барои Тоҷикистон чиниҳо кардаанд, ягон миллати дигар накардааст.

Бозор Собир мутмаин аст, ки чиниҳо то ҳол ба тоҷикон таъсири фарҳангӣ нарасонидаанд, балки таъсири саноатиии онҳо бештар ба назар мерасад.

Сиёсат ва рӯҳониён

Бозор Собир мегӯяд, ки ақидаи он, ки Каримов душмани тоҷикон буд, ғалат аст.

Ӯ принсипҳои сиёсии худро дошт, ки пеш аз ҳама барои ҳимояи амнияти кишвараш равон карда шуда буд, гуфт вай.

"Дар Ӯзбакистон ба сиёсат роҳ надодани рӯҳониҳо комилан амали дуруст ва хубе буд",- мегӯяд Бозор Собир.

Ба ақидаи Бозор Собир сабаби ҷанги шаҳрвандӣ дар Тоҷикистон рӯҳониҳои ҳамон давра буданд, ки сабаби сар задани мухолифатҳо дар кишвар гардиданд.

"Гунаҳкори рақами яки ҷанги шаҳрвандӣ руҳониён буданд",- мегӯяд Бозор Собир.

Бозор Собир мутмаин аст, ки  давлат бояд аз дин ҷудо бошад ва дар ҳукумат рӯҳониҳо даст назананд.

"Рӯҳониро ба сиёсати давлатӣ роҳ додан мумкин нест, масҷид ҳеҷ вақт бо ҳукумат ҳамкор намешавад. Бояд масҷид кори худро кунад, ҳукумат  кори худро",- гуфт Бозор Собир дар сӯҳбат бо SputnikТоҷикистон.

Лентаи хабарҳо
0