“Сомон Эйр” дубора соҳиби сертификати байналмилалии IOSA шуд

© SputnikСамолет "Сомон Эйр" с Дильшодом Назаровым на борту приземлился в аэропорту Душанбе.
Самолет Сомон Эйр с Дильшодом Назаровым на борту приземлился в аэропорту Душанбе. - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Барои ноил шудан ба ин дастовард, ширкати ҳавопаймоии “Сомон Эйр” дар ҳамроҳӣ бо нозирон оид ба бехатарии IATA зиёда аз 700 самти бехатариро тафтиш карданд

ДУШАНБЕ, 5 мая — Sputnik. Ширкати ҳавопаймоии "Сомон Эйр" дубора соҳиби сертификати IOSA аз Ассотсиатсияи байналмилалии нақлиёти ҳавоӣ  (International Air Transport Association, IATA) гашт.

Барои ноил шудан ба ин дастовард, ширкати ҳавопаймоии "Сомон Эйр" дар ҳамроҳӣ бо нозирон оид ба бехатарии IATA зиёда аз 700 самти бехатариро тафтиш карданд.

Ин сертификати байналмиллалиро  дар Тоҷикистон танҳо ширкати ҳавоии "Сомон Эйр" доро аст.

Сертификати IOSA бо роҳи гузаронидани аудит, дар ду сол як маротиба нав карда мешавад.

Илова бар ин,  Директори генералии ширкати ҳавопаймоии "Сомон Эйр" Томас Ҳаллам II аз ҷониби Директори генералии IАТА Александр де Юниак барои иштирок дар ҷаласаи AGM, ки дар он ширкатҳои пешқадами кишварҳои гуногун иштирок мекунанд,  даъватнома гирифтааст.

AGM — мулоқоти истисноии беш аз 250 директорони генералии ширкатҳои ҳавопаймоии аъзоёни IATA мебошад.

Айни ҳол "Сомон Эйр" парвозҳоро аз Тоҷикистон дар самтҳои Олмон, АМА, Туркия, Хитой, Русия ва ҚазоҚистон муваффақона иҷро мекунад.

Пойгоҳи ширкати ҳавопаймоӣ аз ҳавопаймоҳои Боинг 737-300, —800 ва —900 иборат мебошад.

Лентаи хабарҳо
0