ДУШАНБЕ, 22 сен— Sputnik. Дар шаҳри Мэйкомби иёлоти Мичигани ИМА омӯзгори яке аз мактабҳои маҳаллӣ дар казино беш аз 30 000 дуллори буҷаи мактабро бохт.
Дар ин бора New York Post хабар дода меафзояд, ки ин маблағ барои сайёҳат ва баргузории чорабинии фарҳангӣ ҷамъоварӣ шуда буд.
Ба гузориши нашриёт омӯзгори 29-сола, Лидия Кристин Ҷонсон дар мактаби Dakota High School аз фанни риёзӣ ва забони испанӣ дарс медиҳад.
Дар баробари ин ӯ вазифаи ташкилотчигии мактабро бар ӯҳда дошта, ба фонди мактабӣ дастрасӣ дорад.
Дар умум ин омӯзгор беш аз 90 ҳазор дулорр дар казино бохтааст. Аз 30 ҳазор дуллоре, ки Лидия аз буҷаи мактаб гирифта буд, 19 ҳазораш барои баргузории бал ва 12,5 ҳазораш барои сайёҳат пешбинӣ шуда буд.
Ин омӯзгорро дар аз худ кардани маблағ айбдор кардаанд ва агар айби ӯ тасдиқ шавад, ӯро даҳ соли маҳрумият аз озодӣ таҳдид мекунад.