Зевар Давлатзода бо фарҳангиёни Ҷопон мулоқот кард

© SputnikЗевар Давлатова, заместитель министра культуры Таджикистана
Зевар Давлатова, заместитель министра культуры Таджикистана - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Чанде пеш муовини вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Зевар Давлатзода ҳайати фарҳангии Ҷопонро ба ҳузур пазируфт

ДУШАНБЕ, 4 ноя — Sputnik. Зевар Давлатзода бо фарҳангиёни Ҷопон мулоқот кард,  иттилоъ медиҳад Вазорати фарҳанги Тоҷикистон.

Бино бар иттилои манбаъ, ба ҳайати меҳмонон Директори Бунёди Ҷопон Хироко Мияджима, журналист Нобухико Шима, тарроҳ Джунко Сузуки ва ёвари ў Токиё Такеда, ёвари директори Бунёди Ҷопон Томоми Ямазаки, Сафири фавқулодда ва мухтори Ҷопон дар Тоҷикистон Хачиме Китаока ва котиби дуюми Сафорати Ҷопон дар Тоҷикистон Акиюки Тсутсуи шомил буданд.

"Зимни сўҳбат ҷонибҳо оид ба рушди муносибатҳои фарҳангии ду кишвар, муаррифии фарҳанг ва маданияти Ҷопон дар Тоҷикистон, ба роҳ мондани ҳамкориҳо дар соҳаи маориф ва фарҳангу санъат ибрози андеша намуданд",- гуфта мешавад дар иттилои манбаъ.

Самолеты на взлетно-посадочной полосе, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Мусофирони парвози озмоишӣ ба Ишқобод: Зевар Давлатзода ва 40 ҳунарманд

 Муовини вазири фарҳанг Зевар Давлатзода диққати директори Бунёди Ҷопонро ба муассисаҳои таҳсилоти олии зерсохтори Вазорат, аз ҷумла ба Консерваторияи миллии Тоҷикистон ба номи Т. Сатторов, Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи М. Турсунзода, Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон ҷалб намуд, ки метавонанд дар соҳаи таълим ва санъат бо Бунёди Ҷопон ҳамкорӣ намоянд.

Боиси зикр аст, ки сафари ҳайати фарҳангии Ҷопон дар Тоҷикистон аз 1 то 3 ноябри соли 2017 идома хоҳад ёфт. Дар доираи сафари меҳмонон 2 ноябр дар Донишгоҳи славянии Россия ва Тоҷикистон намоиши муди тарроҳони ҷопонӣ ва тоҷик, инчунин намоиши филми ҳунарии ҷопонӣ дар назар аст.

Лентаи хабарҳо
0