“Лоиқ намеояд дигар” : Таҷлили зодрӯзи Лоиқ Шералӣ дар Тоҷикистон оғоз ёфт

© Sputnik / Ратушенко / Гузариш ба медиабонкПоэт Лоик Шерали
Поэт Лоик Шерали - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Агар умр вафо мекард, имсол шоири маҳбуби тоҷик Лоиқ Шералӣ 76-умин солгарди мавлуди хешро ҷашн мегирифт

ДУШАНБЕ, 15 май — Sputnik. Фарида Бобоҷонова. Ҳамасола моҳи май дар Тоҷикистон зодрӯзи шоири халқии кишвар Лоиқ Шералӣ ҷашн гирифта мешавад.

Бастагӣ ба зодрӯзи устод дар мактабҳо базми шеърхонӣ ва зодгоҳи шоир мафҳилҳои алоҳида баргузор карда мешаванд.

Соли 2011 бахшида ба 70-солагии шоири халқии Тоҷикистон маросими расмии ботантанаи  ҷашни зодрӯзи Лоиқ Шералӣ  баргузор шуда буд.

Ҳамасола 20-уми май дар Лучоб  назди қабри  Лоиқ пайвандону  мухлисони шоир ҷамъ омада, бо дуои нек аз устоди шеър ёд мекунанд.

Имсол ёдбуди шоир аз мактаби рақами 54 шаҳри Душанбе, ки ба номи Лоиқ Шералӣ гузошта шудааст, оғоз ёфт.

Дар ин бора ҳамсари шоир Зебуниссо Қутбиддинова, ки ҳамзамон омӯзгори ҳамин мактаб аст, хабар дод.

Чуноне ки Зебуниссо Қутбиддинова- ҳамсари Лоиқ Шералӣ ба Sputnik Тоҷикистон хабар дод, рӯзи 13-уми май дар мактаби рақами 54 ба номи Лоиқ Шералӣ маҳфили ёдбуди шиор баргузор гашт, ки дар он намояндагони адабиёт ва ҳунари Тоҷикистон ширкат доштанд.

"Роҳбарияти мактаб ҳамасола дар арафаи зодрузи Лоиқ Шералӣ маросими ёдбуди шоирро ташкил мекунад, ки имсол низ истисно нест",- афзуд, муаллима.

Бино ба гуфтаи ҳамсари шоир дар маҳфили ёдбуди Лоиқ Шералӣ, хонандагон ва муаллимони мактаб, шоирон ва ҳунармандон иштирок доштанд.

"Ба хотири ёди шоир  намояндагони адабиёт — Сорбон, Меҳмон Бахтӣ, Абдуҳамин Самадов ва меҳмонон аз Ҷумҳурии исломии Эрон ва Сафоратхонаи Афғонистон омаданд",- афзуд хонум Зебуниссо.

Дар маҳфил хонандагон аз эҷодиёти Лоиқ Шералӣ шеърхонӣ карда, шоирон аз хотираҳои худ аз шоир нақл карданд.

Маҳфилро Хосияти Зарафшонӣ бо иҷрои тарона гармтар кард.

Лоиқ Шералӣ 20-уми майи соли 1941 дар деҳаи Мазори Шарифи ноҳияи Панҷакент ба дунё омадааст.

Шеъри Лоиқ бо сабки тоза аз аввал ба қалбҳои ҷавонони тоҷик роҳ ёфт ва то имрӯз маҳбубияти худро гум накардааст.

Дар шабакаҳои иҷтимоӣ гурӯҳи Лоиқ ҳазорон аъзоёнро ҷамъ овардааст, ки яке  сераъзотаринҳо ба ҳисоб меравад.

Ман баъди ҳама завол меоям боз,

Чун мурғи хуҷастабол меоям боз.

Гар баъди ҳазор сол ёдам бикунӣ,

Ман баъди ҳазор сол меоям боз.

 Садҳо шеъри Лоиқро овозхонҳои кишвар сароидаанд.

 

Лентаи хабарҳо
0