ДУШАНБЕ, 3 ноя — Sputnik. Раисҷумҳури Узбакистон Шавкат Мирзиёев бо нахуствазири Тоҷикистон Қоҳир Расулзода дидор ва мулоқот кард.
Дар ин бора хадамоти матбуотии раисҷумҳури Узбакистон Шавкат Мирзиёев хабар медиҳад.
Рӯзи ҷумъа, 3 ноябр дар шаҳри Тошканд ҷаласаи Шурои раҳбарони ҳукуматҳои кишварҳои узви ИДМ баргузор мешавад. Дар ин ҷаласа нахуствазирони Арманистон, Белорус, Қазоқистон, Қирғизистон, Русия ва Тоҷикистон ширкат мекунанд. Озарбойҷон ва Туркманистонро дар ин ҷаласа муовинони нахуствазирҳои ин кишварҳо намояндагӣ мекунанд. Молдоваро намояндаи ИДМ муаррифӣ хоҳад кард.
"Дар мулоқоти Мирзиёев бо Расулзода рушди ҳамкориҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Узбакистон баррасӣ шуданд", — хабар медиҳад хадамоти матбуотии раисҷумҳури Узбакистон.
Шавкат Мирзиёев аз ҷумла бар баҳрагирии самарабахш аз имконоти Кумисюни муштараки ҳукуматӣ барои ташкил ва роҳандозии тарҳҳо ва барномаҳои мушаххас миёни Тоҷикистону Узбакистон таъкид кард.