Тоҷикистон ва Туркманистон 13 санадаи ҳамкорӣ имзо карданд

© Пресс-служба президента РТВстреча президента Туркменистана Гурбангулы Бердымухамедов и президента РТ Эмомали Рахмон
Встреча президента Туркменистана Гурбангулы Бердымухамедов и президента РТ Эмомали Рахмон - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Дар нахустин рӯзи сафари раисҷумҳури Туркманистон Қурбонқулӣ Бердимуҳаммадов ба Тоҷикистон 13 санади нави ҳамкорӣ миёни ду кишвар имзо шуд

ДУШАНБЕ, 2 ноя — Sputnik. Раҳбарони Тоҷикистон ва Туркманистон Эмомалӣ Раҳмон ва Қурбонқулӣ Бердимуҳаммадов дар паи музокироти дуҷониба ва ҳайъатҳои давлатӣ 13 санади нави ҳамкорӣ имзо карданд.

Ба гузориши дафтаи иттилоърасонии раисҷумҳури Тоҷикистон, сарони ду кишвар "дар фазои дӯстона" вазъи кунунӣ ва дурнамои густариши равобиту ҳамкориҳои ду кишвар ва масоили муҳими минтақаӣ ва ҷаҳониро баррасӣ карданд.

Встреча президента Туркменистана Гурбангулы Бердымухамедов и президента РТ Эмомали Рахмон - Sputnik Тоҷикистон
Эмомалӣ Раҳмон Қурбонқулӣ Бердимуҳаммадовро пешвоз гирифт

Сарони ду кишвар раванди густариши равобити Тоҷикистону Туркманистон дар заминаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоъӣ, инсонӣ ва дигар риштаҳоро "хушнудкунанда, пӯё ва мусбат" арзёбӣ карданд. Яке аз омилҳои мусоидаткунанда ба ин раванд имзои Паймони ҳамкории роҳбурдӣ миёни Тоҷикистон ва Туркманистон дониста шуд.

Ҳар ду кишвар бахшҳои энержӣ, таробарӣ, саноеъи сабук ва коркарди маҳсулот, сохтусоз, кишоварзӣ ва гардишгариро самтҳои бартари ҳамкории иқтисодӣ мешуморанд.

Вале ҳаҷми гардиши коло миёни Тоҷикистону Туркманистон рӯ ба коҳиш гузошта ва дар нӯҳ моҳи имсол 32 милюн дулори амрикоӣ баровард шудааст, ки хушнудкунанда нест.

Ба манзури афзоиши хариду фурӯш ва густариши ҳамкориҳои иқтисодиву бозаргонӣ миёни ду кишвар қарор шуд назорат бар иҷрои дастовардҳои Кумисюни муштараки ҳамкориҳои тиҷорӣ-иқтисодӣ ва илмиву фаннӣ дақиқтар шавад ва ҳамчунин ҳамоишҳои бозаргонону корофаринони ду кишвар бештар баргузор шаванд.

Раҳмон ва Бердимуҳаммадов ҳамчунин бар аҳамияти иҷрои тарҳи сохтмони роҳи оҳани "Тоҷикистон-Афғонистон-Туркманистон" таъкид карданд ва хостори беҳбуди ҳамкориҳо дар заминаи обу нерӯ ва роҳандозии парвозҳои мустақими миёни ду кишвар шуданд.

Сарони ду кишвар ҳамчунин масъалаҳои рушди ҳамкорӣ дар бахшҳои фарҳангӣ, инсонӣ ва илмиву омӯзиширо баррасӣ карда ва хостори ҳамкорӣ миёни шаҳру вилоятҳои ду кишвар шуданд.

Дар поёни ин дидор сарони ду кишвар омодагии худро барои таҳкиму густариши ҳамкорӣ дар арсаи байналмилалӣ ба хотири ҳалли мушкилоти ҷаҳонӣ, муборизаи муштарак бо таҳдиду хатарҳои ҷаҳони муосир, теруризму ифротгароӣ, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, таъмини амну субот дар минтақа ва ба эътидол овардани вазъи сиёсӣ дар Афғонистон баён доштанд.

Пас аз анҷоми мулоқоту музокироти расмӣ 13 санади нави ҳамкорӣ миёни Тоҷикистону Туркманистон ба имзо расид.

Эмомалӣ Раҳмон ва Қурбонқулӣ Бердимуҳаммадов Эъломияи муштараки Раиси Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Раиси Ҷумҳурии Туркманистон ва Паймони ҳамкории роҳбурдӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Туркманистонро имзо карданд.

Аз дигар санадҳои ҳамкорӣ дар зер ном бурда мешавад:

Созишнома миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Туркманистон дар бораи усули молиётбандии ғайримустақим аз содироту воридоти колоҳо, анҷоми корҳо ва хадамот;

Созишнома миёни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Туркманистон барои ҳамкориҳои дарозмуддати иқтисодӣ ва бозаргонӣ;

Созишномаи пазириши мутақобилаи санадҳои таҳсилии ду кишвар миёни  Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Туркманистон;

Созишномаи ҳамкорӣ дар заминаи кишоварзӣ миёни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Туркманистон;

Созишномаи ҳамкорӣ дар заминаи дифоъи ғайринизомӣ, пешгирӣ аз балоҳои табиӣ ва бартарафсозии онҳо миёни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Туркманистон;

Созишномаи пазириши муҷаввизи сохтусоз миёни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Туркманистон;

Барномаи ҳамкорӣ миёни  Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Туркманистон дар заминаи фарҳангу ҳунар барои солҳои 2018 — 2020;

Протоколи ислоҳи Созишнома миёни Ҳукумати Ҷумҳури Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Туркманистон барои сохтусози сохтмони мактаби миёнаи таҳсилоти умумии Махтумкулӣ дар иттиҳодияи деҳқонии "Эргаш Султонов" дар ноҳияи Дӯстии вилояти Хатлони Ҷумҳури Тоҷикистон;

Созишнома миёни шаҳрдориҳои Душанбе ва Ишқобод барои барпо кардани равобити бародаршаҳрӣ миёни шаҳрҳои Душанбе ва Ишқобод;

Созишномаи ҳамкориҳои тиҷориву иҷтисодӣ ва илмиву фаннӣ ва фарҳангӣ миёни Ҳукумати вилояти Хатлони Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукимияти вилояти Лабоби Туркманистон;

Ёддошти тафоҳум миёни ширкати давлатии "Тоҷинвест" вобаста ба Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳури Тоҷикистон ва Иттиҳодияи соҳибкорон ва саноатдорони Туркманистон.

Бо имзои ин санадаҳо, ки бахшҳои тиҷориву иқтисодӣ, сохтмону саноат, дифоъӣ ғайринизомӣ, кишоварзӣ, илмиву фаннӣ, фарҳангӣ ва сармоягузориро дар бар мегиранд, шумораи санаду қарордодҳои ду кишвар ба беш аз 70 санад расид.

Пас аз маросими имзои санадҳои муҳими ҳамкорӣ Эмомалӣ Раҳмон ва Қурбонқулӣ Бердимуҳаммадов барои хабарнигорон нишасти матбуотӣ ороста, натиҷаҳои сафари расмии раисҷумҳури Туркманистонро пурарзиш ва бобарор арзёбӣ карданд.

Лентаи хабарҳо
0