ДУШАНБЕ, 31 окт — Sputnik. Додгоҳи иқтисодии Душанбе таъйид карда, ки ширкати саҳомии "Тоҷиктрансгаз" 16 милюн сомонӣ баробар бо 1,8 милюн дулор ба Вазорати молияи Тоҷикистон бояд пардохт кунад.
Ба гузориши хабаргузории ТоҷикТА, раҳбарии ин ширкати интиқоли газ 10 милюн сомонӣ қарзро қабул дорад, вале бо 6 милюн сомонӣ дарсаде, ки бар ин маблағ афзудааст, мухолифат кардааст.
Ширкат далели қарздор шуданашро пардохт нашудани ҳазинаи газрасонӣ аз сӯи масрафкунандагон донистааст. Газрасонӣ ба масрафкунандагон дар соли 2012 қатъ шуда буд.
"Моро водор ба пардохти ҷаримаҳое мекунанд, ки маълум аз куҷо ва чигуна муҳосиба шудаанд. Мо бо ҳукми Додгоҳи иқтисодӣ, ки ширкатро муваззаф ба пардохти ин ҷаримаҳо кардааст, розӣ нестем", — гуфт яке аз намояндаҳои ширкати "Тоҷиктрансгаз".
Чанде пеш эълом шуда буд, ки анборҳои гази ин ширкат дар ноҳияи Рӯдакӣ ва вилояти Суғд фурӯхта хоҳанд шуд.
Музоядаи фурӯши ин анборҳо 8 ноябр баргузор мешавад. Нархи поя барои анбори газ дар ноҳияи Рӯдакӣ 2,2 милюн сомонӣ эълом шудааст ва анбори газ дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров 1,3 милюн сомонӣ арзиш дорад.
Вале ширкати "Тоҷиктрансгаз" гуфта, ки фурӯши ин анборҳо пайванде ба қарзи ширкат ба Вазорати молия надорад.
"Ин анборҳо моли давлат ҳастанд ва маблағе, ки аз фурӯши онҳо ба даст меояд, ба будҷаи кишвар ворез мешавад", — гуфт як масъули ширкати "Тоҷиктрансгаз".
Ёдоварӣ мекунем, ки Узбакистон дар соли 2012 интиқоли газро ба Тоҷикистон қатъ кард ва пас аз он "Тоҷиктрансгаз" танҳо газеро ҳамлу нақл мекунад, ки дар вилояти Хатлон истихроҷ мешавад.
Масъулини ширкати "Тоҷиктрансгаз" гуфтаанд, ки агар интиқоли гази табиӣ аз Узбакистон аз сар гирифта шавад, ин ширкат ҳам метавонад ҳама қарзҳои худро бозпас диҳад.
Гуфта мешавад, ки мудири кулли "Тоҷиктрансгаз" 31 октябр Тошканд рафтааст то дар даври дувуми музокироти азсаргирии интиқоли гази табиӣ аз Узбакистон ба Тоҷикистон ширкат кунад.