ДУШАНБЕ, 30 окт — Sputnik. Нахустин хатти баландшиддати интиқоли ҳавоии барқ ба минтақаи озоди иқтисодии "Данғара" то поёни моҳи декабр кашида хоҳад шуд, гуфт муовини раиси МОИ Сафарали Тайфуров ба хабарнигорон.
Вай афзуд, ду хатти интиқоли барқ ба дарозои умумии 15 килуметр аз нерӯгоҳҳои Сангтӯда-1 ва Норак ба ин минтақа кашида мешаванд. Ин тарҳро ширкати чинии "Шансӣ" анҷом медиҳад.
Пас аз анҷоми ин тарҳ ширкати чинӣ бояд тарҳи сохтусози хатти интиқоли барқ аз истгоҳи "Шаршар" ба МОИ "Данғара"-ро анҷом диҳад, ки 25 килуметр дарозо дорад.
Минтақаи озоди иқтисодии "Данғара" дар 521,3 ҳектор замин аз ноҳияи Данғара бунёд шудааст. Соли 2015 маросими оғози сохтусози се корхонаи бузург ба арзиши беш аз 1,6 милёрд сомонӣ дар ин минтақа бо ширкати раисҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон баргузор шуда буд.