Дастовардҳои сафари раисҷумҳур ба Данғара: дабиристон, ҷӯйбор, корхона

CC BY 2.0 / Хадамоти матбуот / Президент Таджикистана Эмомали Рахмон
Президент Таджикистана Эмомали Рахмон - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Раиси Ҷумҳурии Тоҷикистон дар раванди сафари корӣ ба ноҳияи Данғара якчанд бунгоҳи омӯзишиву кишоварзиву санъатиро ифтитоҳ кард

ДУШАНБЕ, 13 май — Sputnik. Раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дирӯз, 12 май бо сафари корӣ аз ноҳияи Данғара боздид кард.

Ба гузориши дафтари иттилоърасонии раисҷумҳур, раҳбари Тоҷикистон дар раванди ин сафар дар рустоҳои Сангтӯда ва Хуррамзамин сохтмонҳои нави ду дабиристонро ба баҳрабардорӣ расонд.

Вай ҳамчунин дар маросими баҳрабардорӣ аз марҳилаҳои дувум ва севуми тарҳи обёрии заминҳои кишоварзии водии Данғара ширкат кард. Дар паи иҷрои ин тарҳ дар солҳои 2001 — 2016 бар заминҳои кишоварзии ноҳия боз 4,2 ҳазор ҳектор киштзор афзуда шуд. Ҳазинаи куллии иҷрои ин мароҳил 42 милюн дулор буда ва барои иҷрои мароҳили поёнии он дар соли 2017 беш аз 380 ҳазор дулор ҳазина шудааст.

Дар ин сафар ҳамчунин ҷӯйбори обёрии тарҳи "Водии Данғара — 3" низ ба баҳрабардорӣ расонда шуд. Ин ҷӯйбор 39 килуметр дарозо дорад ва оби рӯди Вахшро ба 900 ҳектор пахтазор, 300 ҳектор гандумзор, 100 ҳектор полез, 100 ҳектор алафзор ва 300 ҳектор боғ хоҳад расонд.

Барои кандани ин ҷӯйбор 33 милюн дулор ҳазина шуда, ки аз ин 4,1 милюн дулор сармояи ҳукумати Тоҷикистон, 15,8 милюн дулор эътибори вомии Бонки исломии тавсеъа ва 13,8 милюн дулор эътибори Бунёди арабии тавсеъаи иқтисодии Кувайт аст.

Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин дар маросими ифтитоҳи корхонаи тавлиди фаровардаҳои санъатӣ ширкат кард. Ин корхонаро ширкати маҳдудмасъулияти "КМ МУОСИР" бо ҳазинаи беш аз 15 милюн дулор дар муддати якуним сол бунёд хоҳад кард. Дар он 150 корманд солона 20 ҳазор тон маҳсулоти санъатӣ тавлид хоҳанд кард.

Раисҷумҳур ҳамчунин раванди сохту бозсозии роҳҳо дар ноҳияи Данғараро бозрасӣ кард.

Лентаи хабарҳо
0