ДУШАНБЕ, 29 мар — Sputnik. Маросими рӯнамоии тарҷумаи русии китоби ҳаким Носири Хусрави Қубодиёнӣ "Кушоиш ва раҳоиш" аз ҷониби Институти тадқиқоти исмоилии Лондон дар Душанбе, дар Маркази исмоилиёни шаҳри Душанбе баргузор гардид.
Ин китобро мутарҷими забардасти тоҷик Муҳаммадсалом Махшулов ба забони русӣ баргардон кардааст.
Доктори илмҳои фалсафа, профессор Рамазон Назариев дар суҳбат бо хабарнигори Sputnik Тоҷикистон гуфт, ки далели аслии тарҷумаи китоби ҳаким Носири Хусрав ба забони русӣ, таваҷҷуҳи фаровони мардум дар кишварҳои Осиёи Марказӣ ба ашъори ин донишманду шоъири тоҷик мебошад. Далели дигарро ҳамсуҳбатамон посдошту муъаррифии арзишҳои бузурги миллӣ медонад.
"Шароити кунунии ҷаҳон ва бархӯрди тамаддунҳо тақозо мекунад, ки осори арзишманду бузурги муҳимтарини мутафаккирони тоҷикро имрӯз дар шакли нав бо сифати хубу беҳтар пешкаши ҷаҳониён гардонем".
Профессор афзуд, ки худи фалсафаи ҳаким Носири Хусрав ҳамчун фалсафаи ақлгароӣ дар қатори фалсафаи Хайёму дигар донишмандони беҳамто ҳамавақт аҳамияти вижа дошт.
"Ҷое, ки ақл аст он ҷо илм аст, ҷое ки илм аст он ҷо пешравӣ аст", — гуфт профессор.
Ба гуфтаи профессор Рамазон Назариев, то кунун се китоби ҳаким Носири Хусрав ба забони русӣ баргардон шудааст ва дар нақша аст, ки дар ояндаи наздик дигар осораш низ ба ин забон тарҷума карда шавад.
"Носири Хусрав дар қатори Фирдавсӣ ва Рӯдакӣ яке аз муборизони далеру ҷасур буд, ки барои нигоҳ доштани ҳувияти миллии тоҷикон нотарсона муқобили истилогарони аҷнабӣ мубориза мебурд. Мо аз вожаҳои истифодакардаи ӯ баҳра бардошта, китобе бо номи "Фарҳанги забони Носири Хусрав"-ро нашр кардем".
Вай афзуд, ки ҳамин як мисраъ:
Ман онам ки дар пои хукон нарезам
Мар ин қимматӣ дурри лафзи дариро
худ маъруфтарин нишондиҳандаи мавзеъгирии ӯ дар масъалаи ҳувияти миллӣ аст.
Китобҳои тарҷумашуда бо номи "Разрешение и спасение" ҳамакнун дар китобфурӯшиҳо дастраси хонандагон ҳаст.
Ҳамчунин дар ин рӯз китоби "Рози ҷаҳон"-и профессор Худоӣ Шарифов рӯнамоӣ шуд.