ДУШАНБЕ, 29 окт-Sputnik. Дар ин бора хабаргузории РИА Новости бо такя ба намояндаи консулгарии Русия дар ин шаҳр Андрей Куликов хабар медиҳад.
Пештар хабар дода шуд, ки мудели 14-сола аз шаҳри Перми Русия рӯзи 25 октябр бо табъи баланд дар яке аз бемористонҳои шаҳри Шонхай бистарӣ шудааст. Ӯ моҳи сентбяри соли ҷорӣ ба Чин рафтааст.
Пас аз марги мудел хабар доданд, ки ӯ аз бемории минингит азият мекашид. Намояндаи бунгоҳи муделӣ аз шаҳри Перм хабар дода, ки онҳо дар бораи бемории ӯ хабар доштаанд ва барои табобат маблағе ҳам ҷамъ кардаанд. Вале консулгарӣ ин хабарро беасос хонд ва гуфт, ки пизишкони чинӣ то ҳол маълум накардаанд, ки мудел аз кадом беморӣ азият мекашид.
"Волидони духтарак ҳоло ба ин ҷо наомадаанд, онҳо дар паи созгор кардани ҳуҷҷатҳояшон ҳастанд ва агар онҳо ба мо муроҷиат кунанд мо барояшон раводид равон мекунем", — гуфт манбаъ.
Кумитаи тафтишоти шаҳри Перм то ҳол хабар надода, ки оё аз рӯи ин қазия паранда боз хоҳанд кард, ё на.