ДУШАНБЕ, 29 июн — Sputnik. Бино ба иттилоъи равобити умумии шаҳрдорӣ ҳангоми дидор ҷонибҳо дурнамои муносиботи ҳамкорӣ миёни мақомоти шаҳри Душанбе ва Фаронсаро баррасӣ карданд.
Тарафҳо ба рушди ҳамкориҳои иқтисодиву тиҷоратӣ ва иҷтимоиву фарҳангӣ аҳамияти хоса дода, гуфтаанд, ки Фаронса ва Тоҷикистон дорои имконият ва захираҳои фаровони ҳамкориҳои гуногунҷанба аст.
Ҳамкориҳои Тоҷикистону Фаронса дар мисоли сохтмон ва азнавсозии фурудгоҳи байналмилалии Душанбе назаррас буда, бо мусоидати ширкатҳои Фаронса ояндаи наздик корҳои васлу танзими таҷҳизоти бунгоҳи дистпечириву назоратии фурудгоҳ анҷом дода мешавад.
Бунёди маркази савдои "Ашан" дар Душанбе аз ҳамкориҳои дигари мутақобилан судманди ҷонибҳо маънидод гардидааст.
Сафири Фаронса хабар додааст, ки ояндаи наздик дар Душанбе сохтмони Институти модару кӯдакро ба нақша гирифтааст.
Тавре гуфта шуд, соли 2019 дар Фаронса баргузории нахустин намоишгоҳи Тоҷикистон пешбинӣ шудааст, ки он дастовардҳои кишварро аз асри биринҷ то имрӯз фаро хоҳад гирифт.