ДУШАНБЕ, 27 окт — Sputnik. Сарвазири Тоҷикистон Қоҳир Расулзода ба Узбакистон сафар хоҳад кард. Дар ин бора хабаргузории ТоҷикТА иттилоъ медиҳад.
Бино бар иттилои манбаъ, Расулзода дар иҷлосияи Шурои сарвазирони кишварҳои ИДМ, ки дар шаҳри Тошканд 3-уми ноябри соли равон баргузор мешавад, ширкат хоҳад кард.
Дар ҳошияи ин сафар сарвазири кишвар бо раисҷумҳури Узбакистон Шавкат Мирзиёев дидор ва гуфтушунид мекунад.
Дар ин иҷлосия намояндагони ИДМ масоили рушди минбаъдаи ҳакориҳои аъзои ин иттиҳодро баррасӣ хоҳанд кард.
Охирҳои моҳи майи соли равон Шурои сарвазирони кишварҳои узви ИДМ дар Қазон таҳти роҳбарии раиси Ҳукумати Русия Дмитрий Медведев баргузор гардида буд. Қоҳир Расулзода дар ин иҷлосия Тоҷикистонро намояндагӣ карда, ҳамкориҳои кишварро бо сарвазирони кишварҳои узви ИДМ баррасӣ намуда буд.
Шурои сарони ҳукумати Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ҳамкориҳои ҳукуматҳоро дар соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоӣ ва дигар соҳаҳе, ки ҷонибҳо ба он шавқманд мешаванд, мувофиқ мекунад. Шӯрои сарони ҳукуматҳо дар соле ду маротиба баргузор мешавад. Ҷаласаи ғайринавбатӣ метавонад бо ибтикори яке аз кишварҳои аъзо созмон дода шавад.