ДУШАНБЕ, 14 июл — Sputnik. Бино ба гузориши сухангӯи раиси ВМКБ Нилуфар Асламшоева, 13 июл гурӯҳи кории ҳукумати Тоҷикистон ба роҳбарии нахуствазир Коҳир Расулзода аз рустоҳои осебдида аз селу гилшор дар ноҳияи Дарвоз боздид кард.
Ҳангоми боздиди нахуствазир ва ҳайъати ҳамроҳ аз деҳаи Ширговад, ки дар он беш аз 800 метр аз роҳи Кӯлоб — Дарвоз зери об монда, Қоҳир Расулзода ба раҳбарони Вазорати таробарӣ ва КУИ дастур дод, ки дар кӯтоҳтарин замон ҳаҷми оби ҷамъшуда дар пушти сарбанди селовардро муайян карда, ҳарчӣ зудтар онро поин оваранд.
Бозсозии бахши селзадаи шоҳроҳи байналмилалии Тоҷикистон-Чин ба уҳдаи ширкати роҳсозии чинӣ вогузор шуд.
Қоҳир Расулзода дар мулоқот бо мардуми деҳаи Хостав гуфт, ки раисҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон шахсан ба сарнавишти онҳо таваҷҷуҳи вижа дорад.
Вай ба раҳбарони ВМКБ ва ноҳияи Дарвоз, Кумитаи вилоятии умури изтирорӣ супориш дод, ки хисорот аз селро воқеъбинона баровард кунанд.
Ба гузориши Нилуфар Асламшоева, мавзеъ барои бунёди хона барои селзадагон муъайян карда шуда, ҳар хонаводае бар асоси қонунҳои ҷории Тоҷикистон замин хоҳад гирифт.
Раҳбари Бунгоҳи захираҳои моддии Тоҷикистон дастур гирифт ки масолеҳи сохтмониро ба хонаводаҳои селзада сари вақт дастрас кунад.
Нахуствазир ҳамчунин ба Шодихон Ҷамшед дастур дод корҳои сохтусозро зери назорати қатъӣ гирифта, барои то фасли сармо дар хонаҳои нав ҷо ба ҷо кардани селзадагон тадбирҳои амалӣ роҳандозӣ намояд.
Ҳамчунин барои бозсозии хаттҳои интиқоли нерӯи барқ, бунгоҳҳои омӯзишӣ ва дармонӣ ба масъулин дастуру супоришҳои мушаххас дода шуд.