Роҳҳои густариши ҳамкориҳои Тоҷикистону Туркманистон баррасӣ шуданд

© Фото : МИД РТВстреча посла Таджикистана с заместителем председателя правительства Туркменистана
Встреча посла Таджикистана с заместителем председателя правительства Туркменистана - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Роҳҳои густариши ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Туркманистон дар бахшҳои илму омӯзиш, тандурустӣ, ҷавонон ва варзиш дар дидори сафири ҶТ дар Ишқобод Фаррух Шарифзода ва муовини раиси Девони вазирони Туркманистон Сафардудӣ Толиев баррасӣ шуданд

ДУШАНБЕ, 26 окт — Sputnik. Ба гузориши ВУХ ҶТ, Фаррух Шарифзода ҳамчунин бо Мақсад Бобоев, муовини дигари раиси Девони Вазирони Туркманистон низ дидору гуфтугӯ кардааст.

Дар ин дидорҳо тарафҳо омодагии худро барои тақвияти ҳамкориҳои судманд дар бахшҳои энержӣ,  нафту газ, аз ҷумла таъмини маҳсулоти нафтӣ, кокс, гази табиӣ ва  моеъ, ҷустуҷӯи конҳо ва истихроҷу коркарди онҳо, таъсиси корхонаҳои муштарак ва ҷудо намудани  бурсияҳо барои донишомӯзии шаҳрвандони Тоҷикистон дар Донишгоҳи байналмилалии нафту гази Туркманистон эълом карданд.

Фаррух Шарифзода ҳамчунин бо вазири маорифи Туркманистон Пурлӣ Оқомуродов мулоқот карда,  дурнамои рушди ҳамкориҳои ду кишвар дар бахши илму омӯзишро баррасӣ кард.

Ҳамчунин дар ин дидор раванди амалисозии санадҳои дуҷониба, масоили қабул ва таҳсили шаҳрвандони Тоҷикистон ба тариқи бурсияҳо, афзоиши бурсияҳои таҳсилӣ ва роҳандозии табодули устодону донишҷӯён ва таҷрибаомӯзӣ миёни донишгоҳҳои ду кишвар низ баррасӣ шуданд.

Лентаи хабарҳо
0