ДУШАНБЕ, 26 окт — Sputnik. Дар бозори "Спутник" дар шаҳри Нижний Тагил — яке аз шаҳрҳои вилояти Свердловск дар Русия, миёни муҳоҷирони тоҷику узбак ҷанҷол бархоста ки ба заду хӯрди ҳамагонӣ кашондааст.
Ба гузориши расонаҳои тагилӣ, ин ҷанҷол аз барои ҷои худрав дар паркинг сар задааст. Дар паи ин ҷанҷол заду хӯрде миёни муҳоҷирон дар гирифта, ки дар он ҳафт кас захмӣ шудаанд.
Барои ором кардани ин заду хӯрд чанд гурӯҳ аз пулис ва Нерӯҳои ошӯбнишон расидаанд, ки 17 муҳоҷирро дастгир кардаанд.
Гузориш шуда, ки дар ин заду хӯрд зане, ки мехоста ҷангараҳоро ором кунад, лату кӯбу захмӣ шудааст.
Ҷузъиёти ин ҷанҷолу заду хӯрд ҳамакнун бозҷӯӣ мешаванд.
Ёдоварӣ мекунем, ки чунин як заду хӯрде 19 октябр миёни муҳоҷирони тоҷик ва арманӣ рух дода буд. Дар ин заду хӯрд 20 коргари як ширкати роҳсозӣ аз Тоҷикистону Арманистон ширкат карда буданд ва як муҳоҷир захмӣ шуда буд.