Фирдавс Аъзам "Ойини ойина"-ашро ба шеърдӯстон пешкаш кард

© Фото : Фирдавс АъзамФирдавс Аъзам. Акс аз бойгонии хусусӣ.
Фирдавс Аъзам. Акс аз бойгонии хусусӣ. - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Севумин маҷмуъаи ашъори ғазалсарои ҷавони тоҷик Фирдавс Аъзам бо номи "Ойини ойина" дар Теҳрон мунташир шуд

ДУШАНБЕ, 26 окт — Sputnik. Маҷмуъаи нави ғазалҳои Фирдавс Аъзамро интишороти "Утоқи обӣ" дар Теҳрон мунташир кард. 

Ба гузориши радиои тоҷикии "Садои Хуросон", ин китоб беш аз 60 ғазали тозаи шоири тоҷикро дар бар мегирад ва бо шуморгони ҳазор нусха ба чоп расидааст.

Шоҳин Сипанто, адиби фарҳехтаи эронӣ барои китоб пешгуфтор навишта ва дар он ба бархе вижагиҳои ашъори Фирдавс Аъзам ишора кардааст.

Продюсер и певец Бехруз Зеваров, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Бишнав: Беҳрӯз Зеваров шеъри Манижа Давлатро сароид

Фирдавс Аъзам номи ин маҷмуъаашро аз ғазали шоири номдори эронӣ Қайсар Аминпур интихоб кардааст.

Қарор аст китоби "Ойини ойина" дар доираҳои адабии Эрон рӯнамоӣ ва ба бисёре аз марокизи фарҳангӣ ба таври ройгон арза шавад.

Фирдавс Аъзам донишкадаи забонҳои хориҷӣ дар Донишгоҳи Ғафурови Хуҷандро ба поён бурда ва ду сол дар Амрико донишафзоӣ кардааст. Нахустин китоби шеърҳояш, ки "Абрҳои обӣ" ном дорад, соли 2012 дар Хуҷанд мунташир шудааст. Ин маҷмуъа ба хаттҳои тоҷикӣ ва форсӣ нашр шуда ва номи Фирдавсро барои форсизабонони ҷаҳон ошно кард.

Ӯ аз истеъдоҳои ҷавони адабиёти муъосири Тоҷикистон ва нахустин шоъири ҷавонест, ки шеъри нави зулолро истиқбол кардааст. Вай дар ин навъи ҷадиди шеър дастовардҳои шоистае дорад ва намунаҳое аз ашъораш дар маҷмуъаҳои шеъри шоъирони муъосири Эрону Афғонистон ҷой дода шудаанд. Дувумин китоби шеъраш, ки "Як бағал ғазал" ном дорад, дар Эрон мунташир шуд. Ҳамин маҷмуъа дар соли 2015 дар Ландан низ бознашр шуд ва барандаи ҷоизаи Конуни нависандагони Тоҷикистон гашт.

Лентаи хабарҳо
0