Гарон шуд: Думаи шаҳри Маскав арзиши патентро 7 дарсад афзун кард

© Sputnik / Кирилл Каллиников / Гузариш ба медиабонкЕдиный миграционный центр Московской области, архивное фото
Единый миграционный центр Московской области, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Акнун арзиши патент барои муҳоҷирони корӣ дар Маскав 4.500 рубл мешавад. Пештар шаҳрдори Маскав Сергей Собянин пешниҳод карда буд, ки Қонуни молиёт ислоҳ карда шавад

ДУШАНБЕ, 26 окт — Sputnik. Маҷлиси намояндагони шаҳри Маскав дар ҷаласае, ки 25 октябр баргузор шуд, тарҳи афзоиши 7-дарсадии арзиши патентро тасвиб кард. Аз ин пас муҳоҷирони корӣ барои дарёфти муваҷҷизи кор дар шаҳри Маскав бояд моҳона 4 500 рубл пардохт кунанд.

Ин иқдом бо пешниҳоди шаҳрдори Маскав Сергей Собянин сурат гирифтааст.

"Дар соҳаҳое, ки муҳоҷирон кор мекунанд, ҳуқуқи моҳиёна то 14 дарсад афзоиш ёфтааст. Бо дар назардошти он ки ҳуқуқи муҳоҷирон кунд афзоиш меёбад, мо пешниҳод мекунем, ки арзиши патент 7 дарсад гарон карда шавад", — гуфтааст дар ин ҷаласа роҳбари шуъбаи сиёсати иқтисодӣ ва рушди Маскав Владимир Ефимов.

Ба гуфтаи Ефимов, арзиши патент ду сол боз афзоиш наёфта аст.

Ҳамакнун муҳоҷирон барои дарёфти муҷаввизи кор дар шаҳри Маскав бояд моҳиёна 4 200 рубл пардохт кунанд.

Лентаи хабарҳо
0