ДУШАНБЕ, 26 окт — Sputnik. Дафтари матбуотии Ҳукумати вилояти Суғд иттилоъ медиҳад, ки дар ноҳияи Панҷиканд ба хонаводаҳои осебдида аз офати табиӣ манзилҳои нав дода шуд.
Манзилҳои нав бо супоришҳои раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва бо сармоягузории ҳукумати шаҳру ноҳияи Панҷиканд бунёд шудаанд.
Калиди манзилҳои иқоматӣ, ки бо тамоми ашёи зарурии рӯзгор таъмин аст, имрӯз бо ҳузури шаҳрдори Панҷиканд ба соҳибонашон супорида шуд.
Ёдовар мешавем, охирҳои моҳи июн дар пайи боридани борони сахт ва жола дар деҳаҳои Амондара ва Майкадаи ҷамоати Амондараи шаҳри Панҷиканд сел фурӯ рехта буд.
Манбаи Sputnik Тоҷикистон хабар дода буд, ки дар натиҷаи ин офати табиӣ беш аз 25 манзил хароб шуда буд.