ДУШАНБЕ, 25 окт— Sputnik. Ба гузориши равобити умумии ВУХ, дирӯз вохӯрии Сироҷдиин Аслов бо Ҳамоҳангсози доимии СММ ва роҳбарони зерсохторҳои СММ дар Тоҷикистон баргузор шудааст.
Гуфта мешавад, ки ин дидор ба муносибати Рӯзи Созмони Милали Муттаҳид (СММ) ва 25-умин солгарди ҳамкориҳо байни Тоҷикистон ва СММ баргузор шудааст.
Вохӯрии вазири корҳои хориҷии Сироҷидин Аслов Ҳамоҳангсози доимии СММ/Намояндаи доимии Барномаи рушди СММ хонум Пратибха Меҳта ва роҳбарони зерсохторҳои СММ-ро дар Тоҷикистон бо ин рӯзи таърихӣ таҳният гуфта, нақши СММ-ро дар ҳалли масъалаҳои ҷаҳони муосир муҳим арзёбӣ намудааст.
Ба иттилоъи манбаъ, дар рафти мулоқот масоили ҳамкорӣ байни Тоҷикистон ва ниҳодҳои СММ баррасӣ гардида, таваҷҷуҳи хосса ба татбиқи лоиҳаҳо ва барномаҳо дар Тоҷикистон ва дурнамои ҳамкориҳои минбаъда дода шудааст.
Вазири корҳои хориҷӣ аз сатҳи баланди робитаҳои рушдёфта изҳори қаноатмандӣ карда, ҳавасмандии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ҷиҳати таҳкими ҳамкориҳои босамар бо СММ дар самти татбиқи барномаҳо барои расидан ба Ҳадафҳои рушди устувор иброз намудааст.