Даъвати Тоҷикистон аз Пхенян: қатъномаҳои СММ-ро иҷро кунед

© Sputnik / Игорь ЛекаркинЗдание МИД РТ в Душанбе, архивное фото
Здание МИД РТ в Душанбе, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон озмоиши силоҳи ҳастаии Пхенянро иқдоми таҳрикомез хондааст

ДУШАНБЕ, 7 сен — Sputnik. Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон дар изҳороти расмие ҳамақида будани худро бо нигарониҳои ҷомеаи ҷаҳонӣ дар робита ба озмоиши навбатии силоҳи ҳастаииҶумҳурии халқӣ-демократии Куриё иброз кардааст.

Вазорат дар мавриди нигарониҳои ҷомеаи ҷаҳонӣ дар робита ба озмоиши навбатии силоҳи ҳастаӣ 3 сентябри соли 2017 дар Ҷумҳурии Халқӣ-Демократии Куриё ҳамақида мебошад ва изҳор менамояд, ки ин гуна иқдомҳои таҳрикомези Пхенян таҳдидҳои ҷиддӣ ба амнияти ҷаҳонӣ ва минтақавӣ эҷод менамояд.

"Дар ин замина, Ҷумҳурии Тоҷикистон аз талошҳо барои ҳаллу фасли қазияи ҳастаӣ дар нимҷазираи Куриё аз тариқи абзорҳои сиёсию дипломатӣ ҷонибдорӣ мекунад ва даъват ба амал меорад, ки Ҷумҳурии Куриё меъёрҳои дахлдори ҳуқуқи байналмилалӣ ва қатъномаҳои Шӯрои амнияти СММ-ро ба таври ҳатмӣ иҷро намояд", — омадааст дар изҳороти ВУХ ҶТ.

Лентаи хабарҳо
0