Чангу ғубор: боду ҳавои Тоҷикистон барои имрӯз

© Sputnik / Амир ИсаевПыльная буря в Душанбе
Пыльная буря в Душанбе - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Имрӯз биступанҷуми октябр ва аксари манотиқи кишварро чангу ғубор фаро мегирад

ДУШАНБЕ, 25 окт— Sputnik. Бино ба гузориши созмони обуҳавошиносии кишвар имрӯз, 25 октябр, дар бештари минтақаҳои Тоҷикистон  ҳаво тағйир меёбаду ноустувор мешавад, дар баъзе ноҳияҳо чангу ғубор ба амал меояд.

Бар асоси пешбинии ин марказ, дар вилояти Хатлон ҳавои абрноки бебориш пешбинӣ шуда, шамол аз самти шарқ 3-8 метр дар як сония вазида, фазоро чангу ғубор дар бар мегирад.

Ҳарорат дар водиҳо рӯзона ба 22-27 дараҷа мерасад.

Дождь в Душанбе, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Чангу ғубор ва борон: боду ҳавои Тоҷикистон барои имрӯз

Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳавои тағйирёбандаи ноустувор пешбинӣ мегардад. Ҳарорат дар ғарби вилоят рӯзона 18-23 ва дар шарқи он 7-12 дараҷаро ташкил хоҳад дод.

Обуҳавошиносон дар вилояти Суғд ҳавои тағйирёбандаи абрнок пешгӯӣ менамоянд. Вазиши шамол аз самти шарқ ба 3-8 метр ва дар баъзе ноҳияҳо то 10-15 м дар як сония мевазад. Ҳарорати ҳаво дар водиҳо шабона 5-10 ва рӯзона 18-23 дараҷаро ташкил медиҳад.

Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳаво абрнок гашта, дар баъзе ҷойҳо чангу ғубор ба амал меояд. Шамол аз самти шарқ 3-8 метр дар як сония вазида, ҳарорат дар водиҳо шабона ба 2-7 ва рӯзона ба 22-27 дараҷа мерасад.

Обуҳавошиносон дар шаҳри Душанбе ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ менамоянд. Шамол аз самти ғарб 2-7 метр дар як сония вазида, ҳаво шабона 3-5 ва рӯзона 24-26 дараҷа гарм мешавад.

Лентаи хабарҳо
0