Чангу ғубор ва борон: боду ҳавои Тоҷикистон барои имрӯз

© Sputnik / Амир ИсаевДождь в Душанбе, архивное фото
Дождь в Душанбе, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Имрӯз бистучоруми октябр ва дар аксари манотиқи Тоҷикистон ҳавои абрнок ва бориши борон пешбинӣ мешавад

ДУШАНБЕ, 24 окт — Sputnik. Бино ба гузориши созмони обуҳавошиносии кишвар имрӯз, 24 октябр, дар бештари минтақаҳои кишвар ҳаво тағйирёбанда боқӣ монда, дар баъзе ноҳияҳо боридани борон ва раъду барқ пешбинӣ мешавад.

Бар асоси пешбинии ин марказ, дар вилояти Хатлон ҳавои абрноки бебориш пешбинӣ шуда, шамол аз самти шарқ 3-8 метр дар як сония вазида, фазоро чангу ғубор дар бар мегирад.

Ҳарорат дар водиҳо рӯзона ба 22-27 дараҷа мерасад.

Дождь, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Тундбод, борону барф ва чангу ғубор: вазъи ҳаво имрӯз дар Тоҷикистон

Дар ВМКБ ҳавои тағйирёбандаи ноустувор пешбинӣ гардида, дар баъзе ноҳияҳо боридани борон дар назар аст. Дар баландиҳои 2500 метр барф меборад. Ҳарорат дар ғарби вилоят рӯзона 17-22, дар шарқи вилоят 6-11 дараҷаро ташкил хоҳад дод.

Обуҳавошиносон дар вилояти Суғд ҳавои тағйирёбандаи абрнок пешгӯӣ менамоянд. Вазиши шамол аз самти шарқ ба 3-8 метр дар як сония мерасад. Ҳарорати ҳаво дар водиҳо шабона 5-10 ва рӯзона 19-24 дараҷаро ташкил медиҳад.

Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳаво абрнок гашта, дар баъзе ҷойҳо боридани борон пешбинӣ мешавад. Дар баландиҳои 3000 м барф меборад. Шамол аз самти шарқ 3-8 метр дар як сония вазида, дар баъзе ноҳияҳо чангу ғубор ба амал меояд. Ҳарорат дар водиҳо шабона ба 2-7 ва рӯзона ба 21-26 дараҷа мерасад.

Обуҳавошиносон дар шаҳри Душанбе ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ менамоянд. Шамол аз самти ғарб 2-7 метр дар як сония вазида, ҳаво шабона 3-5 ва рӯзона 23-25 дараҷа гарм мешавад.

Лентаи хабарҳо
0