ДУШАНБЕ, 25 окт — Sputnik. Ба гузориши равобити умумии ширкати "Барқи Тоҷик", имсол барои мардуми Тоҷикистоон маҳдудияти барқӣ ҷорӣ намешавад.
Соли гузашта аз якуми ноябри соли 2016 то чордаҳуми январи соли 2017 интиқоли нерӯи барқ маҳдуд шуда буд.
"Имсол ният дорем, ки бо истифода аз имконоти пайдошуда барои аҳолӣ маҳдудият ҷорӣ накунем ва мардуми шарифи кишварро тирамоҳу зимистони оянда пурра бо барқ таъмин намоем", — омадааст дар муроҷиатномаи ширкати "Барқи Тоҷик".
Дар баробари ин, "Барқи Тоҷик" бо муроҷиат ба шаҳрвандони кишвар ёдоварӣ мекунад, ки дар истифодаи нерӯи барқ сарфакор бошанд ва ба исрофкорӣ роҳ надиҳанд.
"Сарфакорона истифода бурдани нерӯи барқ ва пардохти баҳангоми ҳаққи барқи истифодашуда нишонаи фарҳанги баланд ва масъулияти шаҳрвандии ҳар як сокини кишвар буда, ба таъмини фаъолияти муназзаму боэътимоди шабакаҳои интиқоли барқ ва низоми энергетикӣ мусоидат менамояд", — омадааст дар хабарнома.
Ёдоварӣ мекунем, ки чанде пеш раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар маҷлиси ҳукуматӣ ба роҳбарони вазоратҳо барои омодагӣ ба давраи зимистон супоришҳои мушаххаст дод.
Ин супоришҳо аз ҷумла барои захираи маводи сухту озуқаворӣ ва сабзавот дар ҳама шаҳру ноҳияҳо, рушди бахши энергетика, таъмини муназзами гармӣ ва неруи барқ ба аҳолӣ ва дигар истеъмолкунандагон, тезонидани суръат ва ҷамъоварии беталафи ҳосил, зиёд кардани майдони кишти сабзавоту ғалладонагӣ, истеҳсоли молу маҳсулоти воридотивазкунанда ва содирот, дода шудааст.