ДУШАНБЕ, 01 окт — Sputnik. Раисҷумҳури Тоҷикистон дар маҷлиси ҳукуматӣ ҳар як шаҳрванди Тоҷикистон барои омодагӣ ба фасли сармо даъват кард.
"Эмомалӣ Раҳмон ба аъзои ҳукумати ҷумҳурӣ, роҳбарони вазорату кумитаҳо ва дигар идораҳои давлатӣ барои иҷрои ҳатмии масъалаҳои дар маҷлис баррасишуда, инчунин вобаста ба омодагии ҳамаи бахшҳои хоҷагии халқ ва ҳар як шаҳрванди Тоҷикистон ба давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2017-2018 супоришҳои мушаххас дод", — омадааст дар хабарнома.
Ин супоришҳо аз ҷумла барои захираи маводи сухту озуқаворӣ ва сабзавот дар ҳама шаҳру ноҳияҳо, рушди бахши энергетика, таъмини муназзами гармӣ ва неруи барқ ба аҳолӣ ва дигар истеъмолкунандагон, тезонидани суръат ва ҷамъоварии беталафи ҳосил, зиёд кардани майдони кишти сабзавоту ғалладонагӣ, истеҳсоли молу маҳсулоти воридотивазкунанда ва содирот, дода шудааст.
Шаби рӯзи 29 сентябр дар бархе аз навоҳии вилояти Суғд барф борид. Дар ин росто КҲФ аз сангрезиш ва тундбод ҳушдор дод.