Театри лӯхтаки Тошканд намоиши "Корвонсарой"-ро дар Душанбе ба саҳна мегузорад

© Sputnik / Владимир Федоренко / Гузариш ба медиабонкКукольный театр, архивное фото
Кукольный театр, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
"Корвонсарой"– намоиш дар бораи суннату анъанаҳои ҳунари лӯхтакбозии ӯзбек ба воситаи санъати муосири театрӣ мебошад

ДУШАНБЕ, 24 окт — Sputnik. Ба гузориши равобити умумии Вазортаи фарҳанги ҶТ, аз 24 октябр то 3 ноябри соли 2017 дар Театри давлатии лухтаки шаҳри Душанбе намоишномаи "Корвонсарой"-и театри мазкур ба намоиш гузошта мешавад.

Ин намоишнома дар чорчӯби сафари ҳунарии Театри давлатии лӯхтаки шаҳри Тошканди Узбакистон ба Тоҷикистон бюаргузор мешавад.

Намоишҳо ҳар рӯз соатҳои 10:00 ва 11:00 манзури мухлисони театри лӯхтак мегардад. Намоиш ба қалами муаллифон И. Лукянова ва Д. Юлдошев мансуб буда, онро коргардони таҳиягар, Арбоби шоистаи Ҷумҳурии Узбакистон И.Яқубов рўи саҳна овардааст.

Народний артист Таджикистана Афзалшо Шодиев - Sputnik Тоҷикистон
Зери коса нимкоса ё чаро Афзалшоҳ Шодиев ба Узбакистон нарафт?

"Корвонсарой"– намоиш дар бораи суннату анъанаҳои ҳунари лӯхтакбозии узбек ба воситаи санъати муосири театрӣ мебошад.

Дар он қаҳрамонони машҳури масхарабози фолклори халқи ӯзбек Аливу Валӣ ва қаҳрамони театри суннатии миллӣ Качал-Полвон вомехӯранд. Тамоми намоиш аз тарафи ду ҳунарпеша иҷро карда мешавад.

Тавассути маҳорати онҳо тамошобинон имконият пайдо мекунанд, ки ба ҳамаи навъҳои ҳунари лӯхтакбозӣ: дар пешбанди одии муқаррарӣ саҳнаи савдои хар ва хурӯсҷанг бо лӯхтакҳои дастпӯшакӣ, манзараи гўштии миллии "кураш" бо арӯсакҳо, рақси ӯзбекӣ ба воситаи театри соягӣ ва лӯхтакҳои нахӣ ошно гарданд.

© Министерство культуры ТаджикистанаКукольный театр Ташкента показывает спектакль в Душанбе
Кукольный театр Ташкента показывает спектакль в Душанбе - Sputnik Тоҷикистон
Кукольный театр Ташкента показывает спектакль в Душанбе
Лентаи хабарҳо
0