Зери коса нимкоса ё чаро Афзалшоҳ Шодиев ба Узбакистон нарафт?

© SputnikНародний артист Таджикистана Афзалшо Шодиев
Народний артист Таджикистана Афзалшо Шодиев - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Дар феҳристи ҳунармандоне, ки дар барномаҳои Рӯзҳои фарҳангии Тоҷикистон дар дар Узбакистон ҳунарнамоӣ мекарданд, номи Афзалшоҳ Шодиев низ омада буд, аммо бо далоиле вай дар ин барнома ширкат накард. Чуну чарояшро аз худаш ва аз дигар манбаъҳои наздик ба вай пурсон шудем

ДУШАНБЕ, 20 окт — Sputnik. Дар поёни моҳи сентябр Вазорати фарҳанги Тоҷикистон иттилоъ дода буд, ки аз 10-ум то 14-уми октябр дар Узбакистон Рӯзҳои фарҳанги Тоҷикистон баргузор мешаванд.

"Дар барномаи консертӣ дар шаҳри Тошкент ҳунарнамоии устодони варзида ва ҷавонони соҳибистеъдоди тоҷик Давлатманд Холов, Саидқул Билолов, Фотима Машрабова, Шарофат Усмонова, Амирҷон Рӯзиев, Хершед Иброҳимов, Муҳаммадрафӣ Кароматулло, Дилноза Каримова, Дамирбек Олимов ва ансамбли овозадори "Зебо" дар назар аст", — гуфта шуда буд дар итиилоъияи вазорат.

Народные танцоры в национальных костюмах выступают во время торжеств - Sputnik Тоҷикистон
Рӯзҳои фарҳанги Тоҷикистон дар Узбакистон оғоз ёфтанд

Дар пайи ин хабар Sputnik Тоҷикистон бо ҳунарманди маъруф Афзалшоҳ Шодиев суҳбат ҳам карда буд. Вай гуфта буд, ки барои ин барнома ҷиддан омода мешавад ва 10 сурудашро иҷро хоҳад кард.

Аммо дар хабари дигаре, ки Вазорати фарҳанг 10-уми октябр мунташир кард, номи Афзалшоҳ Шодиев аз феҳристи ҳайъати фарҳангӣ "парида" буд.

Як манбаъи наздик ба Sputnik Тоҷикистон гуфт, ки аз худи устод шунидааст, ки гуфта "худам нарафтам". Аммо вай мегӯяд, худ ба ин ҳарфҳо бовар надорад, зеро ҳунарманд омодаги ҷиддие ба ин сафар мегирифт. 

Аз Вазорати фарҳанги Тоҷикистон дар посух ба суоли он ки чаро Афзалшоҳ Шодиев  дар Рӯзҳои фарҳангӣ ширкат накард, гуфтанд, ки ҳунарманд бемор буд ва натавонист ҳатто дар барномаҳое, ки дар Тоҷикистон баргузор шуданд, ширкат кунад.

Дар пайгирии ин қазия бо худи устод Шодиев тамос гирифтем ва далели ғайбаташонро дар он барнома пурсон гаштем. Вай дар посух гуфт, ки дар воқеъ бемор буд ва дар бемористон бистарӣ шуда буд.

"Барои ширкат накарданам дар барнома ба далели беморӣ аз раҳбарони ду кишвар иҷоза ҳам гирифта будам", — гуфт вай.

Вай дар назар дорад, ки то поёни имсол бо барномаи ҳунарӣ ба Узбакистон сафар кунад ва ин сафараш бо Вазорати фарҳанги Узбакистон ҳамоҳанг ҳам шудааст.

Аммо як манбаъи наздик ба Афзалшоҳ Шодиев гуфт, вай дар ин моҳ ҳеч беморие аз сар нагузаронидааст. "Далели ширкат накарданашро намедонам, вале ба яқин медонам, ки бемор набуданд", — гуфт ин манбаъ.

Лентаи хабарҳо
0