Ширкати фаронсавиии "GUIBOR" меваю сабзавоти Тоҷикистонро мехарад

© Sputnik / Алексей Куденко / Гузариш ба медиабонкЗеленый рынок в Душанбе. Архивное фото
Зеленый рынок в Душанбе. Архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Намояндагони ширкати фаронсавиии "GUIBOR" охири моҳи октябр ба Душанбе меоянд

ДУШАНБЕ, 24 окт — Sputnik. Ба гузориши равобити умумии Вазорати корҳои хориҷии ҶТ, ширкати фаронсавиии "GUIBOR" хостори харидории маҳсулоти кишоварзии Тоҷикистон шудааст.

Ба гузориши манбаъ, ин масъала зимни дидори сафири Тоҷикистон дар Фаронса бо роҳбарияти ширкати сармоягузории "GUIBOR" баррасӣ шудааст.

"Зимни вохӯрии сафири Тоҷикистон дар Фаронса бо роҳбарияти ширкати сармоягузории "GUIBOR" масъалаҳои воридоти маҳсулоти кишоварзӣ аз қабили сабзавот, меваҷот ва меваҳои хушк аз Тоҷикистон ба Фаронса баррасӣ шуданд", — омадааст дар хабарнома.

Мер города Душанбе Рустам Эмомали - Sputnik Тоҷикистон
Аз "Ашан" то фурудгоҳ: мулоқоти Р.Эмомалӣ бо сафири Фаронса

Манбаъ меафзодя, ки мутахассисони ин ширкат ният доранд, то охири моҳи октябр ба ин мақсад ба Душанбе биёянд.

Чанде пеш раиси шаҳри Душанбе Рустам Эмомалӣ бо сафири Фаронса дар Тоҷикистон хонум Ясмин Гуедар мулоқот кард.

Он замон сафири Фаронса хабар дод, ки ояндаи наздик дар Душанбе сохтмони Институти модару кӯдакро ба нақша гирифтааст.

Дар ин дидор ҳамчунин гуфта шуд, ки соли 2019 дар Фаронса баргузории нахустин намоишгоҳи Тоҷикистон пешбинӣ шудааст, ки он дастовардҳои кишварро аз асри биринҷ то имрӯз фаро хоҳад гирифт.

Лентаи хабарҳо
0