ДУШАНБЕ, 24 окт — Sputnik. Сарвазири Қирғизистон Сапар Исоқов номзадии ноиби ҷадиди сарвазирро ба ҳукумати кишвар пешниҳод кардааст.
"Сарвазири Қирғизистон номзадии Доир Кенекеевро ба симати ноиби нахуствазир пешниҳод кардааст", — хабар медиҳад оҷонсии РИА Новости бо такя ба манбаъ дар ҳукумат.
Вазифаи ноиби савазири ҳукумати Қирғизистон, пас аз вафоти Темур Ҷумъақодирови 38-сола холӣ буд.
Ёдоварӣ мекунем, ки муовини сарвазири Қирғизистон-Темур Ҷумъақодироа ҳамроҳи ёрдамчиаш барои санҷиши омодагии вилояти Талас ба интихоботи раисҷумҳур, ки рӯзи 15 октябр гузаронида шуд, равон шуда буд.
Дар ин сафар худрави тамғаи "Тойота Ландкрузер",ки дар дохилаш ноиби нахуствазир қарор дошт, дар деҳаи Садовое ноҳияи Маскав ба садама дучор шуд.
Дар дохили худрав ноиби сарвазири Қирғизистон Темур Ҷумъақодирова ва ёрдамчиаш Нурлан Ҷамгирчиев ва ронанда буданд.
Дар маросими видоъ бо Ҷумъақодиров раисҷумҳури Қирғизистон Алмосбек Отамбоев ширкат ва суханронӣ карда қайд кардааст, ки ба Ҷумъауодиров умеди калон дошт.
"Ӯ раисҷумҳури ояндаи кишвар буд, хирадманд ва боадолат. Ӯ барои аз байн бурдани фасод ва таҳкими сохторҳои қудратӣ хизмати арзанда кард. Ман аз ӯ маслиҳат мепурсидам. Вақте ӯ ноиби сарвазир шуд ман гуфтам: "Темур ту шахсе ҳастӣ ки дар оянда нахуствазир ва раисҷумҳур мешавӣ. Барои ҳамин бояд назорат кунӣ, ки ҳукумат чӣ гуна кор мекунад", — гуфта буд Отамбоев.