Рӯзи 7 октябр, соати 7:45 субҳ (6:45 ба вақти Душанбе), дар деҳаи Садовое ноҳияи Маскав худрави тамғаи "Тойота Ландкрузер" ба садама дучор шуд.
Дар дохили худрав ноиби сарвазири Қирғизистон Темур Ҷумъақодирова ва ёрдамчиаш Нурлан Ҷамгирчиев ва ронанда буданд. Ҳамаи онҳо дар паи садама ҳалок шуданд".
Ба гузориши Sputnik Қирғизистон, дар маросими видоъ бо Ҷумъақодиров раисҷумҳури Қирғизистон Алмосбек Отамбоев ширкат ва суханронӣ карда қайд кардааст, ки ба Ҷумъауодиров умеди калон дошт.
"Ӯ раисҷумҳури ояндаи кишвар буд, хирадманд ва боадолат. Ӯ барои аз байн бурдани фасод ва таҳкими сохторҳои қудратӣ хизмати арзанда кард. Ман аз ӯ маслиҳат мепурсидам. Вақте ӯ ноиби сарвазир шуд ман гуфтам: "Темур ту шахсе ҳастӣ ки дар оянда нахуствазир ва раисҷумҳур мешавӣ. Барои ҳамин бояд назорат кунӣ, ки ҳукумат чӣ гуна кор мекунад", — гуфт Отамбоев.