Фарҳангиёни тоҷик дар Маскав ҳунарнамоӣ мекунанд

© Sputnik / Сергей Субботин / Гузариш ба медиабонкНациональный ансамбль "Шашмаком", архивное фото
Национальный ансамбль Шашмаком, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Гурӯҳи фарҳангиёни тоҷик барои ширкат дар Ҷашнвораи "Харитаи мусиқии ҷаҳон" ба Маскав омадааст

ДУШАНБЕ, 24 окт — Sputnik.  Ба иттилоъи равобити умумии Вазорати фарҳанг, рӯзи 16 октябр дар шаҳри Москав Ҷашнвора — симпозиуми IV байналхалқӣ таҳти унвони "Харитаи мусиқии ҷаҳон» ("Музыкальная карта мира")  ифтитоҳ ёфт.

Гурӯҳи санъаткорон аз Академияи мақоми Тоҷикистон бо сарварии Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон Абдувалӣ Абдурашидов дар ин ҷашнвора иштирок мекунанд.

Ҷашнвора аз ҷониби Консерваторияи давлатии Москави ба номи Чайковский ва маркази илмию эҷодии "Музыкальные культуры мира" баргузор гардида, дар барномаи он дарсҳои назариявӣ, дарсҳои сайқали маҳорат ва барномаҳои консертӣ ҷой дода шудаанд.

Барои иштирок ба чорабинӣ устодони ҳунар ва коршиносон аз Бразилия, Индонезия, Олмон, Эрон, Ҷопон ва дигар кишварҳо даъват шудаанд.

Таассуроти тамошобинон аз ҳунарнамоии Анди дар Маскав - Sputnik Тоҷикистон
Андӣ дар Маскав: таассуроти тамошобинон аз ҳунарнамоии овозхони эронӣ

Дар чорчӯби ин чорабинӣ 21 октябр Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон Абдувалӣ Абдурашидов маърузаи худро дар мавзуи "Аруз ва мусиқӣ" ба иштирокчиёни Фестивал манзур дошт ва дар мавзӯи "Бастакорӣ — эҷодиёти овозхонии анъанавӣ" дарси сайқали маҳорат гузаронид.

Имрӯз, 24 октябр бошад дар толори консертии ба номи Н. Я. Мясковский барномаи консертӣ таҳти унвони "Олами беканори Шашмақом" баргузор мегардад, ки дар он устодони санъати тоҷик Абдувалӣ Абдурашидов, Сироҷиддин Ҷўраев, Ҷамшед Эргашев ва Насиба Омонбоева ҳунарнамоӣ хоҳанд кард.

Лентаи хабарҳо
0